26.01.2019
: 1218
Паҳлавони маъруфи кишвар Беҳрӯз Хоҷазода дар Гран прии Тел Авив ҷои панҷумро ишғол кард.
Беҳрӯз 25 январ дар қувваозмоиҳои вазни -73кг баъд аз се пирӯзӣ бар варзишгарони Швейтсария (Наим Матт), Арманистон (Фердинанд Карапетиан), Исроил (Тоҳар Битбул) ба нимфинал роҳ ёфт, вале дар ин давр аз варзишгари Белорус Вадзим Шока, ки ғолиби ин вазн гардид ва дар рақобат барои ҷои сеюм аз варзишгари Украина Артём Хомула мағлуб шуда, ҷои панҷумро ишғол кард.
Дар мусобиқа аз ҷумҳурии мо ду варзишгари дигар низ ширкат карданд, вале дар даври муқаддамотӣ аз ҳарифонашон шикаст хурданд. Дар вазни -73кг Хайёмиддин Ҷабборов баъд аз як ғалаба бар варзишгари Нидерланд Сам Ван Вестенде, дар рақобати дуюм аз паҳлавони итолиёӣ Ҷованни Эспосито, ки медали нуқраи мусобиқаро ба даст овард, шикаст хурд. Паҳлавони дигари тоҷик Акмал Муродов дар вазни -81кг дар рақобати аввалаш аз варзишгари Белгия Самӣ Чоучӣ, ки ҷои сеюмро ишғол кард, мағлуб шуд.
Гран-Прии Тел-Авив аввалин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо дар соли 2019 мебошад. Дар мусобиқа 377 варзишгар (216 мард, 161 зан) аз 53 кишвари дунё иштирок доранд. Мусобиқа имрӯз бо натиҷагирии қувваозмоиҳо дар вазнҳои -78кг, +78кг миёни бонувон ва -90кг, -100кг, +100кг миёни мардон ба анҷом мерасад.