25.01.2019
: 1354
25 январ дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии гурӯҳи корӣ оид ба омодагӣ ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 доир гашт, ки дар он сармураббиёни дастаҳои мунтахаб оид ба бокс ва таеквондо WT гузориш доданд.
Муовини аввали раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Назарзода Ризо ҷаласаро оғоз карда, иброз дошт, ки сармураббиёни дастаҳои мунтахаб оид ба қайиқронӣ, гуштини озод, гуштини юнонӣ-румӣ, дзюдо ва каратэ-до фаъолияташонро ҷоннок карданд, аммо дигар намудҳо ба кор ҷиддӣ муносибат намекунанд. Ҳамзамон изҳори нигаронӣ карда шуд, ки бисёри сармураббиёни дастаҳои мунтахаб, ҳамзамон корманди федератсияҳо ҳастанд, ки ба фаъолияти онҳо халал мерасонад. Аз ҷумла, дар намудҳои камонварӣ, тенниси рӯи миз ва ҳандбол чунин мушкил ба мушоҳида мерасад.
Пешниҳод шуд, ки вобаста ба ин масъала унвонии федератсияҳо мактуби расмӣ ирсол карда шавад.
Сипас, ёвари сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба бокс Мирзо Шамсиев гузориш дод. Қайд гардид, ки дар риштаи олимпии бокс 3 раунди седақиқаӣ сурат мегирад. Дар Бозиҳои олимпии Токио-2020 мусобиқаи бокс аз рӯи 8 вазн миёни мардон, 5 вазн миёни бонувон баргузор хоҳад шуд. Тибқи талаботи Ассотсиатсияи байналмилалии федератсияҳои бокс (AIBA) муштзанони касбӣ, ки то 15 рақобат кардаанд, имкони иштирок дар Бозиҳои олимпиро доранд.
Дар идома аъзои дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба бокс муаррифӣ шуда, қайд гардид, ки ду нафар миёни мардон – Усмонов Баҳодур (вазни 63кг), Негматуллоев Шаббос (81кг) ва ду нафар миёни бонувон – Шоира Зулқайнарова (60кг), Идимоҳ Холова (69кг) имкони гирифтани роҳхат ба Бозиҳои олимпии Токио-2020-ро доранд, агар омодагии онҳо дар асоси нақша амалӣ гардад. Тибқи нақша ҳар варзишгар бояд дар як сол дар 6-8 мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ иштирок кунад ва ба 6-8 ҷамъомади машқӣ-таълимии дохил ва хориҷ аз кишвар фаро гирифта шаванд.
Аввалин чорабинии байналмилалӣ барои варзишгарони мо мусобиқаи байналмилалӣ дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон ба шумор меравад, ки 19-24 феврал доир мегардад. Давоми сол дастаи мунтахаб ба ғайр аз мусобиқаҳои байналмилалӣ, инчунин дар чемпионати Осиё (моҳи июн дар Тайланд) ва дар сурати дарёфти роҳхат дар чемпионати ҷаҳон (7-21 сентябр дар Екатеринбурги Россия) иштирок хоҳанд кард.
Гуфта шуд, ки то ҳол системаи интихобии намуди бокс ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 тасдиқ нашудааст ва иттилоъ дода шуд, ки қарори ниҳоӣ оид ба ин масъала моҳи апрели соли равон дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Кумитаи байналмилалии олимпӣ қабул мегардад.
Сармураббии дастаи мунтахаби кишвар оид таеквондо WT Далер Фозилов зимни ироаи гузориш, аз ҷумла қайд кард, ки мусобиқаи олимпии таеквондо аз рӯи 4 вазн миёни мардон ва 4 вазн миёни бонувон сурат мегирад ва дастаи мунтахаби кишвар барои ба даст овардани роҳхати олимпӣ ҷиддӣ омодагӣ дида истодаанд. Аз ҷумла, аввали сол бо дастгирии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш даста ба ҷамъомади машқӣ-таълимӣ фаро гирифта шуд.
Варзишгарон роҳхати олимпиро ҳам тариқи раддабандӣ ва ҳам тариқи мусобиқаҳои интихобӣ ба даст меоранд.
Дастаи мунтахаби ҷумҳурӣ оид ба таеквондо муаррифӣ шуд ва қайд гардид, ки феълан дар раддбандии ҷаҳонии ин намуди варзиш аз ҷумҳурии мо танҳо Моҳру Ҳалимова ворид гардидааст. Барои дар раддабандии ҷаҳонӣ мавқеъ ёфтан варзишгарон бояд дар ҳамаи мусобиқаҳое, ки бо сарпарастӣ ё дар мувофиқа бо Таеквондои ҷаҳонӣ (WT) ташкил мешавад, ширкат намоянд. Дар асоси таҳлилҳо миёни бонувон Моҳру Ҳалимова ва миёни мардҳо Хуррам Меҳтаршоев имкони гирифтани роҳхати олимпиро доранд.
Дар анҷом оид ба бартараф кардани мушкилиҳои соҳа, хусусан оид ба дастгирии варзишгарон фикру андешаҳо баён гардиданд.