26.01.2019
: 1232
Варзишгарони варзиши сабуки Тоҷикистон дар 5-ум мусобиқаи байналмилалӣ барои дарёфти ҷоизаҳои қаҳрамони олимпӣ Олга Рипакова дар Уст-Каменогорски Қазоқистон сазовори ду медал гардиданд.
Дар қувваозмоии дав ба масофаи 800 метр миёни мардон Одилшоҳ Исматов бо натиҷаи 1:53.39 сазовори медали нуқра шуд. Ӯ аз ҳарифи узбекистониаш Хуршед Аҳмадалиев 19 сония қафо монд. Дар дав ба масфаи 400 метр миёни бонувон Кристина Пронженко бо натиҷаи 55.72 медали биринҷӣ ба гардан овехт.
Ҳар ду варзишгар рекорди нави Ҷумҳурии Тоҷикистонро гузоштанд (дар дохили толор).Варзишгарони дигари мо Илдар Аҳмадиев дар қувваозмоии дав ба масофаи 60 метр миёни мардон ҷои ҳафтум (бо натиҷаи 01.03.00), дар ҷаҳиш ба дарозӣ ҷои панҷум (6.89), Меҳрубон Шамсиддинов дар масофаи 3000 метр ҷои ҳафтум (16.11.95)-ро ишғол намуданд.