19.09.2018
: 1356
Шаҳри Сахалини Федератсияи Руссия мизбони 2-юм Саммити байналмилалии мутахассисони ҷавон дар соҳаи варзиш гардид. Саммити якум соли гузашта дар шаҳри Сочи баргузор шуда буд.
Дар саммит, ки 18 сентябр оғоз шуд, намояндагони 19 давлат, аз ҷумла Тоҷикистон (кормандони Кумитаи миллии олимпӣ Зиннат Бозорова ва Шукрона Ҳакимова) иштирок доранд ва онҳо муддати 5 рӯз (то 22 сентябр) муҳимтарин масъалаҳо вобаста ба рушди намудҳои зимистонаи варзишро баррасӣ мекунанд. Вале масъалаи аслӣ омодагӣ ба аввалин Бозиҳои зимистонаи “Бачаҳои Осиё” мебошад.
Иштирокчиёни ҷавон дар самти рушди варзиш миёни наврасон табодули таҷриба карда, ихтисосашонро такмил медиҳанд. Онҳо, ҳамчунин аз иншооти варзишии шаҳри Сахалин дидан мекунанд.
Дар маросими кушодашавии саммит губернатори вилояти Сахалин Олег Кожемяко изҳор дошт, ки имрӯз дар минтақа тамоми шароитҳо барои баргузории Бозиҳои “Бачаҳои Осиё” фароҳам оварда шудааст.
Ёдовар мешавем, ки Сахалин моҳи феврали соли 2019 аввалин Бозиҳои зимистонаи “Бачаҳои Осиё”-ро қабул мекунад. Тибқи маълумоти пешакӣ дар бозиҳо беш аз 2000 варзишгарони то 16-сола аз 20 кишвари дунё иштирок мекунанд ва дар 8 намуди варзиш: лижаронии кӯҳӣ, сноуборд, биатлон, сабқати лажатозӣ, ҷаҳиш аз трамплин, рақси рӯи ях, шорт-трек ва хоккей барои ҷойҳои ифтихорӣ талош менамоянд.