18.09.2018
: 2326
Дар даври дуюми марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2019 миёни духтарони то 16-сола дар гурӯҳи “С” тими мунтахаби бонувони Тоҷикистон (U-16) бар дастаи Марианаи Шимолӣ ғалаба кард.
17 сентябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бозиҳои даври дуюми марҳилаи аввали интихобии Чемпионати Осиё-2019 миёни духтарони то 16-сола дар гурӯҳи “С” доир гардид.
Дастаи мунтахаби духтарони Тоҷикистон ба дарвозаи тими Марианаи Шимолӣ 3 голи беҷавоб зад. Ҳар че голро Амина Собирова дар дақиқаҳои 18, 56, 57 ба ҳадаф расонд.
Дар бозии дигар мунтахаби духтарони Тайланд ба дарвозаи тими Сингапур 6 голи беҷавоб зад.
Дар даври сеюми мусобиқа имрӯз – 19 сентябр мунтахаби Тоҷикистон бо Тайланд қувва меозмоянд. Бозии дигар миёни дастаҳои Эрон ва Сингапур баргузор мешавад.
Ёдовар мешавем, ки ба марҳилаи дуюми интихобӣ, ки аз 23 феврал то 3 марти соли оянда ба нақша гирифта шудааст, ғолибони 6 гурӯҳ ва ду дастаи беҳтарини ҷои дуюми гурӯҳҳо роҳхат мегиранд. Се дастаи беҳтарини қораи Осиё – ҶХД Корея, Кореяи Ҷанубӣ ва Ҷопон мустақим ба марҳилаи финалӣ роҳхат гирифтаанд.