19.09.2018
: 1309
Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо соли 2021 дар шаҳри Венаи Австрия баргузор мешавад.
17 сентябр дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон дар доираи Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо-2018 ҷаласаи кумитаи иҷроияи Федератсияи байналмилалии дзюдо баргузор гардид, ки вазъи имрӯз ва ояндаи соҳаи дзюдо баррасӣ шуд. Аз ҷумла мизбони чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо дар соли 2021 интихоб гардид. Тибқи қарори кумитаи иҷроияи ФБД чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо баъд аз Бозиҳои олимпии Токио-2020 аз 12 то 19 сентябри соли 2021 дар шаҳри Венаи Австрия мегузарад. (Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо соли 2019 дар Токио доир мегардад).
Дар ҷаласа аз мусобиқаҳои нави сатҳи ҷаҳонӣ, мисли Гран При Канада, Исроил ва Чили хабар дода шуд. Федератсияи байналмилалӣ дар бораи ин мусобиқаҳо иловатан гузориш хоҳад дод.
Фардо – 20 сентябр дар Маркази миллии гимнатикаи шаҳри Бокуи Озарбойҷон чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо оғоз мегардад. Дар он беш аз 800 варзишгар аз 129 давлати ҷаҳон ширкат менамоянд. Ҷумҳурии моро дар ин мусобиқаи бошукуҳ 9 варзишгар – Суҳроб Боқиев (-60кг), Ёқубҷон Боқиев, Наврӯз Каримзода (-66кг), Беҳрӯз Хоҷазода, Сомон Маҳмадбеков (-73кг), Акмал Муродов (-81), Комроншоҳ Устопириён (-90кг), Шакармамад Мирмамадов, Темур Раҳимов (+100кг) таҳти роҳбарии сармураббӣ Муҳммадмурод Абдураҳмонов намояндагӣ мекунанд.
Тақвими Чемпионати ҷаҳон-2018 оид ба дзюдо-2018
Боку. Маркази миллии гимнастика
20.09. Вазни -48 кг (бонувон), -60 кг (мардон)
21.09. Вазни -52 кг (бонувон), -66 кг (мардон)
22.09. Вазни -57 кг (бонувон), -73 кг (мардон)
23.09. Вазни -63 кг (бонувон), -81 кг (мардон)
24.09. Вазни -70 кг (бонувон), -90 кг (мардон)
25.09. Вазни -78 кг (бонувон), -100 кг (мардон)
26.09. Вазни +78 кг (бонувон), +100 кг (мардон)
27.09. Рақобатҳои даставии омехта.