03.09.2018
: 1677
18-ум Бозиҳои тобистонаи Осиё дар шаҳрҳои Ҷакарта ва Палембанги Индонезия бо баргузории як барномаи ҳунарӣ шоми 2 сентябр ба анҷом расид.
Дар маросими пӯшидашавии бозиҳо ноиби президенти Индонезия, роҳбари Кумитаи тадорукоти Бозиҳои Осиё-2018 Юсуф Калла, Президенти Шӯрои олимпии Осиё Шайх Аҳмад Ал Фаҳад Ал Сабоҳ, президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ Томас Бах иштирок намуданд.
Баъ аз садо додани Суруди миллии Индонезия дастаҳои мунтахаби кишварҳо бо парчамҳои давлатӣ вориди майдон шуданд. Се талсимани бозиҳо бо номҳои Кака, Атунг ва Бхин Бхин низ дар қатори варзишгарон буданд.
Юсуф Калла зимни суханронӣ, аз ҷумла паёми Президенти Индонезия Ҷоко Видодоро ба ҳозирин расонд: “Ҳамаи иштирокчиёнро табрик ва ба ҳамаи онҳо миннатдорӣ баён мекунам. Ин дар ҳақиқат нерӯи Осиё аст. Мо ба ҳам омадем, то ба ҷаҳон паёми сулҳ диҳем”.
Шайх Аҳмад Ал Фаҳад Ал Сабоҳ дар муроҷиат ба президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ Томас Бах изҳор дошт, ки Индонезия омодааст, соли 2032 Бозиҳои тобистонаи олимпиро дар сатҳи баланд гузаронад. Пешниҳоди мизбонии Олимпиадаи соли 2032 аз ҷониби Президенти Индонезия Ҷоко Видодо манзур шуда буд.
Варзишгарони 45 давлати Осиё дар 15 рӯзи мусобиқот 6 рекорди ҷаҳонӣ, 18 рекорди Осиё ва 86 рекорди Бозиҳои Осиёро гузоштанд. Чин чун ҳарвақта бо 132 медали тилло (ҳамагӣ 289 медал) пешсафи бозиҳо шуд. Ҷопон бо 205 медал, аз ҷумла 75 тилло ҷои дуюм ва Кореяи Ҷанубӣ бо 177 медал, аз ҷумла 49 тилло ҷои сеюмро ишғол карданд. Кишвари мизбон – Индонезия бо 98 медал, аз ҷумла 31 тилло дар ҷои чорум қарор гирифт. Кишварҳои Узбекистон, Эрон, Тайпей, Ҳиндустон, Қазоқистон, Кореяи Шимолӣ ба даҳгонаи аввал шомил шуданд. Умуман, варзишгарони 37 даста аз 36 давлати қора медалҳои Бозиҳои Осиё-2018-ро ба даст оварданд, аз ҷумла варзишгарони 28 давлат ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтанд.
Тоҷикистон дар 18-ум Бозиҳои тобистонаи Осиё дар ҳайати 105 нафар, аз ҷумла 81 варзишгар иштирок карда, бо 7 медал (4 нуқра, 3 биринҷӣ) аз рӯи сифати медалҳо дар ҷои 30-юм, аз рӯи шумораи медалҳо дар ҷои 23-юм мавқеъ гирифт. Медалҳои нуқраро дар ҳайати дастаи Тоҷикистон Дилшод Назаров (варзиши сабук, гурзандозӣ), Шаҳриёр Даминов (қайиқронӣ дар байдарка ва каноэ, С-1 1000 метр), Беҳрӯз Хоҷазода (кураш, -81 кг), Умед Ҳасанбеков (самбо, -90 кг) ва медалҳои биринҷиро Комроншоҳ Устопириён (дзюдо ва самбо, -90 кг) ва Шакармамад Мирмамадов (дзюдо, +100 кг) сазовор шуданд.
19-ум Бозиҳои тобистонаи Осиё соли 2022 дар шаҳри Ҳангжоуи Чин доир хоҳад гашт.
Дар маросими тантанавӣ рамзи Бозиҳои Осиё ба ҳайати Ҷумҳурии Мардумии Чин – президенти Кумитаи олимпии ин кишвар Гоу Чжунвен ва шаҳрдори Ҳангжоу Сюй Лий супорида шуд.