03.09.2018
: 2252
Соати 3-и шаби 3 сентябр як гурӯҳ варзишгарони тоҷик – иштирокчиёни Бозиҳои Осиё-2018 тавассути хатсайри Ҷакарта-Дубай-Душанбе ба Ватан баргаштанд.
Миёни варзишгарон, аз ҷумла ҷоизадори бозиҳо, варзишгари маъруфи кишвар Комроншоҳ Устопириён низ буд. Комроншоҳ дар 18-ум Бозиҳои Осиё, ки аз 18 август то 2 сентябр дар шаҳрҳои Ҷакарта ва Палембанги Индонезия баргузор шуд, сазовори ду медали биринҷӣ гардид. Ӯ ҳам дар намуди дзюдо, ҳам дар самбо дар вазни -90 кг ҷои сеюмро ишғол кард.
Комроншоҳ Устопириён зимни суҳбат иброз дошт, ки ба бозиҳо омодагии хуб дида буд ва мақсади ба даст овардани медали тиллоро дошт, аммо медалҳои биринҷӣ насибаш гашт. Ӯ ба Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар вилояти Суғд, Федератсияи дзюдои Тоҷикистон барои дастгирии доимӣ ва фароҳам овардани шароити созгори машқу тамрин изҳори сипос карда, афзуд, ки акнун ба чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо, ки 20-27 сентябр дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон доир мегардад, омодагӣ мебинад.