Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

БО-2018: Самбочиён ба Тоҷикистон ду медал оварданд

01.09.2018

: 1404

Дар охирин рӯзи мусобиқоти Бозоҳои Осиё-2018 дар Индонезия Тоҷикистон бо шарофати варзишгарони бомаҳорати кишвар Умед Ҳасанбеков ва Комроншоҳ Устопириён сазовори ду медали дигар гардид.

Имрӯз – 1 сентябр дар доираи Бозиҳои Осиё-2018 дар шаҳрҳои Ҷакарта ва Палембанги Индонезия бо иштироки варзишгарони тоҷик мусобиқа оид ба самбо баргузор шуд.
Варзишгарони мо дар вазни -90 кг 2 медали бозиҳоро ба даст оварданд. Ҳамин тариқ, шумораи медалҳои Тоҷикистон ба 7 адад расид.
Варзишгари маъруфи кишвар Умед Ҳасанбеков дар ин бозиҳо сазовори медали нуқра шуд. Ӯ дар даври ҳаштякфинал бар варзишгари Тайпейи Чин Кайҷен Чуанг, дар чорякфинал бар намояндаи кишвари мизбон Рио Акбар Баҳорӣ, дар нимфинал бар ҷарзишгари Қазоқистон Айбол Аитбек ғалаба кард, вале дар финал аз намояндаи Узбекистон Камолиддин Холматов шикаст хӯрд.
Паҳлавони дигари кишвар Комроншоҳ Устопириён, ки дирӯз дар намуди дзюдо медали биринҷӣ ба даст оварда буд, имрӯз дар намуди самбо ба мақоми сеюм расид. Комроншоҳ бар намояндагони Қазоқистон (Алибек Зекенов), Туркманистон (Нурбердиҳан Оразмамедов) дастболо шуда, дар нимфинал аз варзишгари узбекистонӣ Камолиддин Холматов, ки медали тиллои бозиҳоро сазовор гашт, шикаст хурд. Сипас, дар рақобат барои ҷои сеюм бар варзишгари дигари Туркманистон Руслан Эсгеров ғолиб омад.
Бо ҳамин, варзишгарони мо иштирокашон дар 18-ум Бозиҳои Осиёро, ки 18 август дар шаҳрҳои Ҷакарта ва Палембанги Индонезия шурӯъ гардида буд, ба наҷом расониданд.
Шумораи медалҳои Тоҷикистон ба 7 адад (4 нуқра, 3 биринҷӣ) расид.

Медалҳои нуқра:
Дилшод Назаров, варзиши сабук, гурзандозӣ
Шаҳриёр Даминов, қайиқронӣ дар байдарка ва каноэ, С-1 1000 метр
Беҳрӯз Хоҷазода, кураш, -81 кг
Умед Ҳасанбеков, самбо, -90 кг

Медалҳои биринҷӣ:
Комроншоҳ Устопириён, дзюдо ва самбо, -90 кг
Шакармамад Мирмамадов, дзюдо, +100 кг

Дар ҷадвали ҳисоби медалҳои Бозиҳои Осиё-2018 дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо чор медали нуқра ва се биринҷӣ миёни 37 давлате, ки медал ба даст овардаанд, дар ҷои 30-юм мавқеъ гирифт.
Варзишгарони қораи Осиё барои охирин медалҳо дар намудҳои бейсбол, баскетбол 5х5, бокс, шиноварӣ (ҷаҳиш ба об), футбол, чавгонбозӣ, регбӣ 7, софт теннис талош мекунанд. Фардо – 2 сентябр маросими пӯшидашавии 18-ум Бозиҳои Осиё баргузор мешавад, ки дар он президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ Томас Бах иштирок хоҳад кард.