21.02.2018
: 422
Барандаи медалҳои нуқраи Чемпионати Тоҷикистон - клуби футболи “Хуҷанд” дар бозии ҷавобии даври плей-оффи Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2018 (КФО) аз тими “Аҳал”-и Туркманистон бо ҳисоби 0:2 шикаст хурда, аз идомаи мусобиқот маҳрум шуд.
Бозии дастаҳо 20 феврал дар Варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”-и шаҳри Хуҷанд баргузор шуд. Голҳоро Вазиргелдӣ Илёсов ва Сулаймон Муҳадов заданд. “Аҳал” бо ҳисоби умумии 3:0 дар ду бозӣ ба даври гурӯҳии Ҷоми КФО-2018 роҳ ёфт.
Ҳамин тариқ, дар гурӯҳи “D”-и мусобиқа тими “Истиқлол”-и Душанбе бо дастаи “Алай”-и Қирғизистон ва ду тими Туркманистон – “Олтин Асир” ва “Аҳал” бозӣ мекунад. Аввалин бозии “Истиқлол” 7 март дар варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор муқобили “Аҳал” сурат мегирад.