Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Маркази идоракунии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ифтитоҳ шуд

Маркази идоракунии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ифтитоҳ шуд Маркази идоракунии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ифтитоҳ шуд Маркази идоракунии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ифтитоҳ шуд Маркази идоракунии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ифтитоҳ шуд

21.02.2018

: 1550

Имрӯз - 21 феврал - дар арафаи таҷлили 25-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иншооти муҳим ва дорои аҳамияти ҳарбӣ - Маркази идоракунии Қувваҳои мусаллаҳ ва бинои нави факултаи ҳавопаймоии Донишкадаи ҳарбиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Маркази навтаъсис ҳангоми таҳдиди ҳар гуна хатар ба давлат нуқтаи асосии идоракунии ҷангии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб рафта, он бо марказҳои маъмурии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва минтақаи Рашт пайваст мебошад. Бо мақсади васеъ намудани имкониятҳои нуқтаи асосии идоракунӣ дар марҳилаи дуюм таъсиси маркази системаи автоматикунонии идоракунии мудофиаи зиддиҳавоӣ, бунёд намудани нуқтаҳои идоракунӣ дар Раёсати Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ, Раёсати Қушунҳои хушкигард, Қушунҳои зудамал ва наздики 10 нуқтаи идоракунии дигар дар қисмҳои низомии Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат пешбинӣ гардидааст. Ба замми ин нуқтаҳои идоракунии сайёр низ ташкил ва ба Маркази идоракунии Қувваҳои мусаллаҳ пайваст мегарданд. Ин имкон медиҳад нуқтаҳои идоракунии сайёр ба таври фаврӣ ба мавзеъ ва минтақаи муаянгардида интиқол ёбад ва ба идора намудани амалиёти ҷангӣ шуруъ кунад.
Баъди ифтитоҳи Маркази навтаъсиси идоракунии Қувваҳои Мусаллаҳ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа ташриф оварда, дар маросими ба истифода додани бинои нави таълимии факултаи ҳавопаймоӣ иштирок намуданд. Бинои нави таълимӣ, ки дар арафаи 25-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, аз чор ошёна иборат буда, дар давоми се сол аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо харҷи зиёда аз 4 миллион сомонӣ бунёд карда шудааст.
Факултаи ҳавопаймоии Донишкадаи ҳарбӣ дорои 12 синфхонаи таълимӣ бо 250 ҷойи нишаст, 9 утоқи корӣ барои афсарону устодон, толори варзишӣ, ҷойи хоб барои таълимгирандагон, хонаи фароғатии ҳайати шахсӣ, ду утоқи навбатдорӣ, мавзеи нигаҳдории силоҳу муҳимоти ҷангӣ, ҳуҷраҳои нигоҳдории лавозимот, омодасозии сарулибос, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон буда, бо таҷҳизоти муосири аёнӣ ва компютерҳои замонавӣ муҷаҳҳаз мебошанд.
Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳайати шахсӣ ва курсантони Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаро ба ифтихори ҷашни 25-умин солгарди таъсисёбии Артиши миллии мамлакат табрику шодбош гуфта, ба саҳми ин муассисаи олии таълимии ҳарбӣ дар таъмини ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кадрҳои баландихтисоси низомӣ баҳои баланд доданд.
Гуфта шуд, ки Ҳукумати мамлакат барои дар сатҳи баланд омода кардани афсарону мутахассисони сохторҳои низомӣ ва ҳифзи ҳуқуқу тартибот дар муассисаҳои таълимии ҳарбӣ тамоми шароити заруриро муҳайё намудааст.
Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, таҳаввулоту авзои мураккаби сиёсию амниятӣ дар минтақа ва ҷаҳон ҳушдор аз он медиҳад, ки барои ба талаботи замони имрӯз мутобиқ гардонидани сатҳи омодабошии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ, таълиму тарбияи мутахассисони баландихтисоси низомӣ, таъминоти ҷузъу томҳо бо техникаву технологияи замонавию лавозимоти муосири ҷангӣ ва тақвият бахшидани иқтидори мудофиавии кишвар тадбирҳои иловагиро татбиқ намоем.