16.02.2018
: 2124
Фаъолияти волонтёрӣ барои ҷавонон баҳри такмилу ташаккул имконоти мусоид фароҳам овардааст. Волонтёрон имрӯзҳо дар баробари хизмати содиқона ба ҷомеаву халқ Тоҷикистонро дар миқёси ҷаҳон муаррифӣ менамоянд.
Амир Урунов – донишҷӯи Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти ҷумҳурӣ, волонтёри Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш аз ҳамин қабил ҷавонон аст. Ӯ дар мулоқоти расмии намояндагони волонтёрони Тоҷикистону Чин, ки дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин доир гардид ва дар Фестивали умумиҷаҳонии ҷавонону донишҷӯён, ки дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия баргузор шуд, фаъолияти ҷавонони тоҷикро дар самти волонтёрӣ ба таври зарурӣ муаррифӣ намудааст.
Аз ҷониби Кумитаи байналмилалии олимпӣ Амир Урунов ба ҳайси Сафири ҷавони Бозиҳои тобистонаи олимпии наврасон дар Буэнос Айрес - 2018 (Аргентин) интихоб гардид ва ӯ Тоҷикистонро муаррифӣ хоҳад кард.
- Дар озмуне, ки Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон эълон намуд, ҳуҷҷат супоридам ва аз миёни иштирокчиён, аз он ки таҷрибаи хуби намояндагӣ доштам, интихоб гардидам. Сипас, ҳуҷҷатҳои зиёдро ба Кумитаи байналмилалии олимпӣ пешниҳод кардам. Ниҳоят дар даври охири озмун бо роҳбари барнома тариқи интернет суҳбат намуда, пешниҳоду таклифҳои худро дар хусуси оммавияти варзиш ва рушди он дар байни наврасону ҷавонон пешниҳод кардам. “Welcome to our board” – бо чунин сухан маро даъват карданду шаҳодатномаи сафириамро дастрас намуданд”, - бо қаноатмандӣ иброз медорад Амир.
Дар Кумитаи байналмилалии олимпӣ барномаи “Young change-makers” амал мекунад. Бахшида ба ҳар як бозиҳои олимпӣ байни наврасон дар 2 сол як маротиба сафирони ҷавон аз тамоми кишварҳо интихоб мешаванд. Сафирон дар тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ба воситаи варзиш изҳори ғамхорӣ нисбат ба якдигар ва дӯстӣ саҳм мегузоранд.
- Кӯшиш мекунам, ки дар давраи намояндагии худ ба варзишгарони тоҷик, ки дар Бозиҳои олимпии наврасон дар Буэнос Айрес – 2018 иштирок мекунанд, ёрӣ расонида, барои ба даст овардани медалҳои зиёд кӯшиш намоем, - афзуд сафири ҷавон.
Бозиҳои 3-юми олимпии наврасон 6-18 октябри соли равон дар Буэнос Айреси Аргентина баргузор мешавад. Варзишгарони навраси тоҷик дар ин бозиҳо сазовори ду медал гардидаанд. Соли 2010 дар аввалин Бозиҳои олимпии наврасон дар Сингапур Баҳодур Қодиров дар намуди гуштини озод медали нуқра ва Шукрона Шарифова дар намуди таеквондо медали биринҷӣ ба даст овардаанд.