16.02.2018
: 1683
Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар бозии ниҳоии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) тими “Регар-ТадАЗ”-ро бо ҳисоби 3:1 шикаст дода, дар таърихи мавҷудияташ бори чорум барандаи мусобиқа шуд.
Ҳисоби бозӣ дар вақти иловагии қисми аввал кушода шуд. Баъд аз партофти Фатҳулло Фатҳуллоев Ромиш Ҷалилов тӯбро вориди дарвозаи “Регар” кард. Дар қисми дуюми дидор мухлисон шоҳиди боз 3 голи дигар шуданд. Дилшод Восиев дар дақиқаи 71 голи дуюм ва баъд аз чор дақиқа Эҳсони Панҷшанбе голи сеюми “Истиқлол”-ро заданд. Қабл аз анҷоми бозӣ Саидамири Саидаҳмад ҳисобро тағйир дод – 1:3.
Медалҳои биринҷии мусобиқа насиби дастаи “Панҷшер” шуд, ки дар бозӣ барои ҷои сеюм тими КМВА “Помир”-ро шикаст дод (2:1).
Ҳама бозиҳои финалии Ҷоми ФФТ (2012-2018):
2012. «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хайр» (Ваҳдат) – 1:0
2013. «Хайр» (Ваҳдат) – КМВА «Помир» (Душанбе) – 1:1. Пеналтӣ – 6:5
2014. «Истиқлол» (Душанбе) – «Хайр» (Ваҳдат) – 2:0
2015. «Истиқлол» (Душанбе) – «Хайр» (Ваҳдат) – 5:1
2016. «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 1:0
2017. «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1
2018. «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Истиқлол» (Душанбе) – 1:3