10-13 октябр дар шаҳри Бухорои Ҷумҳурии Узбекистон дуюм мусобиқаи кушоди Бухоро оид ба таеквондои ҷаҳонӣ баргузор гардид.
11-13 октябр дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо миёни наврасону ҷавонон баргузор шуд.
10 октябр дар рӯзи аввали Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни наврасон, ки дар шаҳри Фуҷайраи АМА ҷараён дорад, 4 варзишгари тоҷик муҳориба карда, ду нафар ғалаба ба даст оварданд.
Дар иди футбол бозингарони тими наврасони то 17-солаи Тоҷикистон бо кӯдакон бозиҳо анҷом дода, ба онҳо туҳфаҳои хотиравӣ, тӯб ва либоси варзишии футбол тақдим намуданд.
Тоҷикистонро президенти Академияи миллии олимпӣ Шодӣ Сафаров намояндагӣ кард.
10-17 октябр дар шаҳри Фуҷайраи Амороти Муттаҳидаи Араб Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни наврасони соли таваллудашон 2003-2004 баргузор мегардад.
Ду варзишгари тоҷик – Миҷгона Самадова дар вазни 57кг бар намояндаи Кот д-Ивуар Марселат Сакобӣ ва Нилуфар Бобоёрова дар вазни 64кг бар намояндаи Алҷазоир Чаҳира Селмоунӣ пирӯз шуда, ба даврҳои навбатӣ роҳ ёфтанд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 7 нафар иштирок намуда, ба гирифтани 2 медал – 1 тилло, 1 биринҷӣ даст ёфтанд.
Дар мусобиқа ба ғайр аз варзишгарони минтақаҳои Қазоқистон, муштзанон аз кишварҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Узбекистон ва Федератсияи Россия ширкат карданд.
Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, ки пеш аз муҳлат унвони чемпиони Тоҷикистонро сазовор шуд, дар даври нуздаҳум аз тими “Регар-ТадАЗ” мағлуб гашт.