Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Наврасони тоҷик дар Чемпионати Осиё оид ба бокс ширкат мекунанд

10.10.2019

: 42

10-17 октябр дар шаҳри Фуҷайраи Амороти Муттаҳидаи Араб Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни наврасони соли таваллудашон 2003-2004 баргузор мегардад.

Маротибаи аввал аст, ки дар чемпионат баробари писарон духтарон низ ширкат менамоянд. Дар мусобиқа 239 варзишгар аз 26 давлати қора дар 26 категорияи вазнӣ – 13 вазн миёни писарон, 13 вазн миёни духтарон – барои ба даст овардани ҷойҳои ифтихорӣ талош мекунанд.
Аз ҷумҳурии мо 11 варзишгар – 10 писар, 1 духтар – ба АМА сафарбар гардидаанд, ки дар 11 вазн муҳориба мекунанд.

Бибинишастамо Холова (52кг)
Фирдавс Рустамов (46кг)
Искандарбек Рустамов (48кг)
Баҳоваддин Солеҳов (50кг)
Абубакр Муродов (52кг)
Абдураҳим Ёқубов (54кг)
Довуд Маҳкамов (57кг)
Саддом Ҳоҷизода (60кг)
Бахтовар Далиев (63кг)
Темур Ташаҳинов (70кг)
Абубакр Юнусов (+80кг)

9 октябр ҷаласаи техникии ҳайатҳо ва қуръакашӣ баргузор шуд, ки ҳарифони варзишгарони мо дар даври аввал маълум гардиданд:

10 октябр

52кг
Абубакр Муродов – Адилет Омуров (Қирғизистон)

57кг
Довуд Маҳкамов – Ирускелдӣ Эмилбек (Қирғизистон)

63кг
Бахтовар Далиев – Синран Жао (Чин)

+80кг
Абубакр Юнусов – Арген Бактибеков (Қирғизистон)

11 октябр

50кг
Баҳоваддин Солеҳов – Абдулла Патиев (Қазоқистон)

46кг
Фирдавс Рустамов – По-Ҳао Ҳсу (Тайпейи Чин)

12 октябр

54кг
Абдураҳим Ёқубов – Умар Аҳмад (Кувейт)

60кг
Саддом Ҳоҷизода – Абзал Серик (Қазоқистон)

13 октябр

70кг
Темур Ташаҳинов – Бекбол Мурасбеков (Қирғизистон)

14 октябр

52кг
Бибинишастамоҳ Холова – Нигина Уктамова (Узбекистон)

Искандарбек Рустамов (48кг) дар даври аввал озод аст.