Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Ду пирӯзии наврасони тоҷик дар рӯзи аввали ЧО-2019 оид ба бокс

Ду пирӯзии наврасони тоҷик дар рӯзи аввали ЧО-2019 оид ба бокс Ду пирӯзии наврасони тоҷик дар рӯзи аввали ЧО-2019 оид ба бокс Ду пирӯзии наврасони тоҷик дар рӯзи аввали ЧО-2019 оид ба бокс

11.10.2019

: 1122

10 октябр дар рӯзи аввали Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни наврасон, ки дар шаҳри Фуҷайраи АМА ҷараён дорад, 4 варзишгари тоҷик муҳориба карда, ду нафар ғалаба ба даст оварданд.

Дар вазни 52кг Абубакр Муродов бар Адилет Омуров аз Қирғизистон бо ҳисоби 4:1, дар вазни 57кг Довуд Маҳкамов бар варзишгари дигари Қирғизистон Йирискелдӣ Эмирбек бо ҳисоби 4:0 пирӯз шуданд. Ду варзишгари дигарамон Абубакр Юнусов дар вазни +80кг аз ҳарифи қирғизистониаш Арген Бактибеков, Бахтовар Далиев дар вазни 63кг аз ҳарифи чиниаш Синран Жао мағлуб гардиданд.
Имрӯз – 11 октябр дар вазни 50кг Баҳоваддин Солеҳов муқобили Абдулла Патиев аз Қазоқистон, дар вазни 46кг Фирдавс Рустамов муқобили По-Ҳао Ҳсу аз Тайпейи Чин аввалин муҳорибаашонро анҷом медиҳанд. Абубакр Муродов (52кг) бошад, дар даври дуюм бо Ҷунҳо Ким аз Кореяи Ҷанубӣ вориди ринг мешавад.
Ёдовар мешавем, ки дар мусобиқа, ки то 17 октябр идома меёбад, 239 варзишгар аз 26 давлати қора дар 26 категорияи вазнӣ – 13 вазн миёни писарон, 13 вазн миёни духтарон – барои ба даст овардани ҷойҳои ифтихорӣ талош мекунанд. Аз ҷумҳурии мо 11 варзишгар – 10 писар, 1 духтар – ба АМА сафарбар гардидаанд, ки дар 11 вазн муҳориба мекунанд.