Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Муштзанҳои ҷавони кишвар дар Жезказган 3 медал ба даст оварданд

07.10.2019

: 314

Аз 27 сентябр то 1 октябри соли равон дар шаҳри Жезказгани Ҷумҳурии Қазоқистон мусобиқаи бокс ба хотираи Асилбек Мамажанов ва Виктор Тарадайди миёни ҷавонони соли таваллудашон 2002-2003 баргузор шуд.

Дар мусобиқа ба ғайр аз варзишгарони минтақаҳои Қазоқистон, муштзанон аз кишварҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Узбекистон ва Федератсияи Россия ширкат карданд.
Варзишгарони ҷавони мо дар мусобиқа фаъолона ширкат намуда, ба гирифтани 3 медал – 1 нуқра, 2 биринҷӣ даст ёфтанд. Медали нуқраро Сорбон Каримов дар вазни 49кг ба даст овард. Медалҳои биринҷиро бошад, Руҳовар Маюнусов дар вазни 46кг ва Хусрав Раҳимов дар вазни 52кг ба гардан овехтанд.