24 декабр дар Кохи “Суруш”-и пойтахт маросими ҷоизасупории соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш баргузор шуд.
Мусобиқа 18-22 декабр дар шаҳри Сиамени Ҷумҳурии Мардумии Чин доир гашт.
Федератсияи футболи Тоҷикистон зимни як чорабинии тантанавӣ дар Кохи “Суруш”-и пойтахт беҳтаринҳои футболро дар соли 2019 эълон кард.
Мусобиқа 17-21 декабр дар шаҳри Қарағандаи Қазоқистон аз рӯи 13 вазни олимпӣ (8 вазн миёни мардон, 5 вазн миёни бонувон) сурат гирифт.
19 декабри соли 2019, таҳти №АП-1320 Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ ба тасвиб расид.
Мусобиқа барои тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) як марҳилаи омодагӣ ба Чемпионати Осиё-2020 маҳсуб меёбад.
Чемпионати Тоҷикистон дар мавсими 2020 охири моҳи март шуруъ гардида, дар се марҳила доир мегардад.
Комроншоҳ Устопириён, ки дар вазни -90кг дар мусобиқаи мазкур ҷои панҷумро ишғол намуд, аз ҷои 35-ум ба зинаи 22-юми радабандии олимпӣ баромад.
17-ум Ҷоми ҷаҳон оид ба бокс миёни кишварҳои истеҳсолкунандаи нефт (World Cup of Boxing Oil Countries) 11-14 декабр дар шаҳри Белоярски Федератсияи Россия баргузор шуд.
Дар маросими ҷамъбастии фестивал ғолибони мусобиқаҳои даври вилоятӣ ва минтақавӣ аз ВМКБ, Суғд, Хатлон, ШНТМ, минтақаи Рашт ва шаҳри Душанбе иштирок намуда, бозиҳои миллии варзиширо намоиш доданд.