19.12.2019
: 1431
Дар доираи омодагӣ ба Чемпионати Осиё-2020, мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол (U-16) бо роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев дар 16-ум мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми рушд-2020”, ки 19-25 январ дар шаҳри Мински Белорус доир мегардад, иштирок мекунад.
Барои ба даст овардани ҷом 8 дастаи мунтахаби наврасони соли таваллудашон то 2003 талош мекунанд. Бар асоси қуръакашии мусобиқа мунтахаби наврасони Тоҷикистон ҳамроҳ бо дастаҳои Исландия, Исроил ва Гурҷистон ба гурӯҳи “В” ворид шуданд. Гурӯҳи “А” аз дастаҳои Белорус, Белгия, Финландия ва Узбекистон таркиб ёфтааст.
Тибқи низомнома дастаҳо дар гурӯҳ дар як давр бозӣ мекунанд, сипас ғолибони гурӯҳ ба финал роҳхат мегиранд. Дастаҳое, ки дар гурӯҳ ҷои дуюмро ишғол менамоянд, барои медали биринҷӣ талош мекунанд. Ҳамчунин, бозиҳо барои ишғоли ҷойҳои 5-8 доир мегарданд.
Мусобиқа барои тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) як марҳилаи омодагӣ ба Чемпионати Осиё-2020 маҳсуб меёбад, ки аз 16 сентябр то 3 октябр дар Баҳрайн баргузор мешавад.
Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд-2020»
Гурӯҳи «А»: Беларус, Белгия, Финландия, Узбекистон.
Гурӯҳи «В»: Исроил, Гурҷистон, Исландия, ТОҶИКИСТОН.
Тақвими бозиҳо:
1-ум давр
19 январ (якшанбе)
13:00 – Исроил – Гурҷистон
14:10 – Белгия – Финландия
17:20 – Исландия – ТОҶИКИСТОН
20:00 – Беларус – Узбекистон
2-юм давр
21 январ (сешанбе)
14:00 – Исроил – ТОҶИКИСТОН
16:10 – Гурҷистон – Исландия
18:20 – Белгия – Узбекистон
20:30 – Финландия – Беларус
3-юм давр
23 январ (панҷшанбе)
14:00 – ТОҶИКИСТОН – Гурҷистон
16:10 – Исландия – Исроил
18:20 – Узбекистон – Финландия
20:30 – Беларус – Белгия
25 январ (шанбе)
Бозӣ барои ҷои 7-ум
12:00 – 4 «А» – 4 «В»
Бозӣ барои ҷои 5-ум
14:15 – 3 «А» – 3 «В»
Бозӣ барои ҷои 3-юм
16:30 – 2 «А» – 2 «В»
Финал
18:45 – 1 «А» – 1 «В»
Эзоҳ: оғози бозиҳо - бо вақти Душанбе