23.12.2019
: 1335
Варзишгарони тоҷик дар аввалин мусобиқаи Гранд Слами Осиё оид ба бокс сазовори ду медали нуқра шуданд.
Мусобиқа 18-22 декабр дар шаҳри Сиамени Ҷумҳурии Мардумии Чин доир гашт. Дар он варзишгарон аз 11 давлат - Австралия, Ҳиндустон, Малайзия, Муғулистон, Непал, Филиппин, Сингапур, Тайланд, Тоҷикистон, Тайпейи Чин ва Амороти Муттаҳидаи Араб ширкат карданд. Қувваозмоиҳо аз рӯи 13 вазни олимпӣ – 8 вазн миёни мардон, 5 вазн миёни бонувон – сурат гирифт.
Дар ҳайати Тоҷикистон Наврӯз Ҷафоев дар вазни 81кг миёни мардҳо ва Фарида Самиева дар вазни 51кг миёни бонувон сазовори медали нуқра гардиданд.