Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Ҷоизаи Президент дар ҳаҷми 911250 сомонӣ барои 42 варзишгар ҷудо шуд

21.12.2019

: 585

19 декабри соли 2019, таҳти №АП-1320 Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ ба тасвиб расид.

Дар асоси пешниҳоди Комиссияи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ дар соли 2019 аз Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои 42 варзишгар, ки меъёрҳои низомномаи Ҷоизаро иҷро карданд, 911 250 сомонӣ ҷудо карда шуд.
Бо мақсади ҳавасмандгардонӣ ва дастгирии варзишгарон бо иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 9 январи соли 2015 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ» ба имзо расид ва солҳои 2015-2018 бо амрҳои Президенти кишвар 135 варзишгар ва мураббиёни онҳо соҳиби ин ҷоиза гардиданд. Бо ин мақсад аз Фонди Президенти ҷумҳурӣ дар чор сол 2881250 сомонӣ ҷудо шудааст. Аз ҷумла соли 2015 21 варзишгар, соли 2016 14 нафар, соли 2017 24 нафар ва соли 2018 72 варзишгар (бо шумули тими футболи наврасон) бо ҷоизаи Президенти ҷумҳурӣ сарфароз гардида буданд.
Соли 2019, аз ҷумла Дилшод Назаров (чемпиони Осиё оид ба гурзандозӣ), Баҳодур Усмонов (чемпиони Осиё оид ба бокс), Комроншоҳ Устопириён, Темур Раҳимов (барандагони медали нуқраи Чемпионати Осиё/Уқёнус оид ба дзюдо), Шаҳриёр Даминов (барандаи медалҳои нуқра ва биринҷии Чемпионати Осиё оид қайиқронӣ дар масофаҳои 3600 метр ва 26 км), Сомон Маҳмадбеков (чемпиони ҷаҳон оид ба дзюдо миёни ҷавонон), Шодмон Ризоев (барандаи медали нуқраи Чемпионати Осиё/Уқёнус оид ба дзюдо миёни ҷавонон), Муҳаммадҳасан Шоҳмаҳмадов (барандаи медали биринҷии Чемпионати Осиё оид ба таеквандо ВТФ), Далер Ризозода (барандаи медалҳои нуқра ва биринҷии Чемпионати Осиё оид ба гуштини юнонӣ-римӣ миёни ҷавонон ва ҷавонони то 23-сола), Шероз Очилов (барандаи медали нуқраи Чемпионати ҷаҳон ва биринҷии Чемпионати Осиё оида ба гуштини юнонӣ-римӣ миёни наврасон), Фирӯз Мирзораҷабов (чемпиони Осиё, барандаи медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон оид гуштини юнонӣ-римӣ миёни наврасон), Абдураҳим Ёқубов (чемпиони Осиё оид ба бокс миёни наврасон), Ғаниҷон Ғаниев (чемпиони Осиё оида ба дзюдо миёни наврасон), Абубакр Муродов (барандаи медали нуқраи Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни наврасон), Аҳлия Муъминова, Мансур Раҳмон (барандагони медали биринҷии Чемпионати Осиё/Уқёнус оид ба дзюдо миёни наврасон), Мустафо Ахмедов, Абубакр Шукуров, (барандагони медалҳои нуқра ва биринҷии Чемпионати Осиё оид ба гуштини озод миёни наврасон), Сиёвуш Ибрагимов, Муҳсинҷон Муллоҷонов (чемпионҳои ҷаҳон оид ба таэквондо ИТФ), Оятулло Асадуллозода, Сабина Тюраева, Мансур Шодмонов (барандагони медали нуқраи Чемпионати ҷаҳон оид ба таэквондо ИТФ), Алишер Ахмедов, Сино Иброҳимов, Мубинҷон Нуров, Муфарра Ҳалимова (барандагони медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон оид ба таэквондо ИТФ), Хушқадам Хусравов, Сорбон Латифов (барандагони медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо), Асадбек Фаттоев, Умед Сафаров (барандагони медали биринҷии Чемпионати Осиё оид ба каратэ-до) ҳастанд. Ҳамчунин, ду варзишгари намуди дзюдо – Сулаймони Ҷамшед ва Фарорун Мирзошоев, ки соли 2018 дар Чемпионати Осиё оид ба дзюдо миёни наврасон сазовори медалҳои нуқра ва биринҷӣ гардида, ба гирифтани ҷоиза пешниҳод нашуда буданд, имсол онро дарёфт мекунанд.