Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Нуқра ва биринҷии бонувони муштзани тоҷик дар Ҷоми ҷаҳон

14.12.2019

: 179

Бонувони муштзани тоҷик дар Ҷоми ҷаҳон оид ба бокс миёни кишварҳои истеҳсолкунандаи нефт ду медал – як нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.

17-ум Ҷоми ҷаҳон оид ба бокс миёни кишварҳои истеҳсолкунандаи нефт (World Cup of Boxing Oil Countries) 11-14 декабр дар шаҳри Белоярски Федератсияи Россия баргузор шуд.
Миҷгона Самадова дар вазни 57кг пас аз ду пирӯзӣ бар варзишгарони Руссия Малика Шоҳидова ва Ирина Сафарова дар финал аз намояндаи дигари кишвари мизбон Даря Абрамова мағлуб гардида, ҷои дуюмро ишғол кард.
Шоира Зулқайнарова дар чорякфинали вазни 60кг бар Анастасия Горожантсева (Руссия) ғалаба карда, дар нимфинал аз намояндаи дигари кишвари мизбон Наталия Шадрина шикаст хурд ва ҷои сеюмро ишғол намуд.
Се намояндаи дигари кишвари мо – Идимоҳ Холова (69кг), Бахтовар Сагизов (57кг) ва Баҳодур Усмонов (63кг) аз медалҳо бенасиб монданд. Идимоҳ ва Бахтовар дар даври аввал, Баҳодур пас аз пирӯзӣ бар варзишгари кишвари мизбон Азнаур Калсинов дар даври аввал, дар даври дуюм аз намояндаи кишвари Марокаш Нодир Абдулҳақ мағлуб шуданд.
Дар мусобиқа, ки аз рӯи 8 вазн миёни мардон, 5 вазн миёни бонувон сурат гирифт, 127 варзишгар (87 мард, 40 зан) аз 23 давлат иштирок карданд.