Феълан ICF ҳамаи мусобиқаҳои интихобии олимпии қоравӣ, аз ҷумла Чемпионати Осиё оид ба каноэро, ки бояд дар Тайланд баргузор мешуд, барҳам дод.
Мусобиқаи Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон-2020 аз 10 то 18 март дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд баргузор шуд.
КБО мисли қабл барои баргузории Бозиҳои Олимпии Токио-2020 мутақоид аст, зеро то оғози бозиҳо 4 моҳ вақт ҳаст ва ҷиҳати қабули қарор дар ин робита зарурат нест.
Маросими тақдими оташи олимпӣ ба Токио-2020 19 март дар Варзишгоҳи “Панафенаик”-и Афина доир мегардад.
12-14 март дар шаҳри Кӯлоб, дар доираи Барномаи “Ташаббуси КМО оид ба мудирият”-и Ҳамбастагии олимпӣ семинари омӯзишӣ доир шуд.
14 март дар ҳамаи шаҳру навоҳии кишвар ба истиқболи иди Наврӯз дав ва марафони велосипедронӣ доир шуд.
Варзишгарони маъруфи кишвар Баҳодур Усмонов ва Шаббос Негматуллоевро, ки субҳи 14 март аз Урдун ба Ватан баргаштанд, масъулони соҳаи варзиш, пайвандон ва ҳаводорон сазовор пешвоз гирифтанд.
Дар пайи Баҳодур Усмонов Шаббос Негматуллоев роҳхат ба Бозиҳои олимпии Токио-2020-ро сазовор шуд.
Баҳодур 11 март дар қувваозмоии даври бокс-оффи мусобиқаи интихобии олимпӣ оид ба бокс дар қораи Осиё/Уқёнус, ки дар шаҳри Аммони шоҳигарии Урдун ҷараён дорад, бар варзишгари Эрон Ашкон Ризоӣ пирӯз шуд.
Фардо Шаббос бо Сачин Кумар аз Ҳиндустон барои ба даст овардани роҳхат нерӯ месанҷанд.