Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Шаббос барои гирифтани роҳхати олимпӣ наздик шуд

10.03.2020

: 66

Варзишгари тоҷик Шаббос Негматуллоев 10 март дар қувваозмоии аввали даври бокс-оффи мусобиқаи интихобии олимпӣ оид ба бокс дар Осиё/Уқёнус дар шаҳри Аммони шоҳигарии Урдун бар варзишгари Тайланд Йомҳот Ҷаккапонг пирӯз шуд.

Дар вазни -81кг барои қораи Осиё/Уқёнус 5 роҳхат пешбинӣ шудааст. Аз ин рӯ, варзишгароне, ки дар чорякфинал мағлуб гардиданд, барои як роҳхат мусобиқаро идома медиҳанд. Дар ҷуфти дигари ин давр Сачин Кумар аз Ҳиндустон бар намояндаи Ветнам Нгуйен Чуонг пирӯз шуд. Акнун фардо Шаббос бо Сачин барои ба даст овардани роҳхат нерӯ месанҷанд.
Ду варзишгари дигарамон низ тавассути қувваозмоиҳои бокс-офф имкони гирифтани роҳхати олимпиро доранд. Баҳодур Усмонов дар вазни -63кг бо Ашкон Ризоии эронӣ ва Сумайя Қосимова дар вазни -51кг бо Ириш Магнои филиппинӣ ҳарб мекунанд.