14-15 май бозиҳои даври ҳафтуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуданд.
Шоира дар даври аввал бар намояндаи Ковейт Ҷ. Нура пирӯз гардида буд.
Бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028 ва Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба об дар соли 2023 Мина Гули - як шаҳрванди Австралия тасмим гирифтааст, дар Тоҷикистон марафони дав баргузор кунад.
Ҷудочиёни ҷавони кишвар дар Ҷоми Осиё миёни наврасон ва ҷавонон, ки 12-15 май дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон баргузор шуд, соҳиби ду медал - як тилло ва як биринҷӣ гардиданд.
Мунтахаби наврасони Тоҷикистон таҳти роҳбарии Зайниддин Раҳимов Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказиро, ки дар Душанбе ҷараён дорад, бо ғалаба оғоз кард.
15 май дар ҷумҳурӣ дар доираи чорабиниҳо ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон (23 май) Давӣ миллӣ баргузор шуд, ки дар он 328629 нафар (103795 зан) иштирок намуданд.
5-6 май дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе Чемпионати Тоҷикистон оид ба варзиши сабук баргузор шуд.
12 май бо ду бозӣ даври шашуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ ҷамъбаст шуд.
Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни бонувон дар шаҳри Истанбули Туркия 9-уми май шуруъ гардид ва то 21 май идома меёбад.
13-15 май дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон Ҷоми Осиё оид ба ҷудо миёни наврасон ва ҷавонон (Cadets & Juniors Asian Judo Cup Almaty 2022) доир мегардад.