13.05.2022
: 473
12 май бо ду бозӣ даври шашуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ ҷамъбаст шуд.
Дар бозии марказии даври шашуми Чемпионати Тоҷикистон-2022 дастаи «Хатлон»-и Бохтар бо тими «Истиқлол»-и Душанбе бозӣ кард. Ин вохӯрӣ бо ҳисоби мусовӣ – 1:1 хотима ёфт. Голи якумро дар дақиқаи 5-ум Муҳаммадҷон Насков ба самар расонид. Дар дақиқаи 86-ум легионери украинии душанбегиҳо Темур Партсвания голи ҷавобиро марбути номи худ сохт. Барои «Истиқлол» ин аввалин бозӣ дар мавсими ҷорӣ буд.
Дастаи «Равшан»-и Кӯлоб бо тими «Хуҷанд» (0:0) холҳоро тақсим карданд. Дар охири қисми аввал «Равшан» зарбаи ҷаримаи 11-метраро ба самар расонида натавонист – зарбаи задаи Абдухалил Бороновро дарвозабони «Хуҷанд» Шоҳрух Қирғизбоев баргардонд.
Бозиҳои даври ҳафтуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ 14-15 май баргузор мешаванд. Фардо - рӯзи шанбе – “Равшан” (Зафаробод) бо “Файзканд”, КМВА бо “Эсхата”, рӯзи якшанбе бошад, “Регар-ТадАЗ” бо “Хатлон”, “Равшан” (Кӯлоб) бо “Истаравшан” ва “Истиқлол” бо “Хуҷанд” вомехуранд.