Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

БАРГУЗОРИИ 44-УМИН ҶАЛАСАИ АССАМБЛЕЯИ ГЕНЕРАЛИИ ҲИСОБОТИЮ ИНТИХОБОТИИ ШӮРОИ ОЛИМПИИ ОСИЁ

БАРГУЗОРИИ 44-УМИН ҶАЛАСАИ АССАМБЛЕЯИ ГЕНЕРАЛИИ ҲИСОБОТИЮ ИНТИХОБОТИИ ШӮРОИ ОЛИМПИИ ОСИЁ БАРГУЗОРИИ 44-УМИН ҶАЛАСАИ АССАМБЛЕЯИ ГЕНЕРАЛИИ ҲИСОБОТИЮ ИНТИХОБОТИИ ШӮРОИ ОЛИМПИИ ОСИЁ БАРГУЗОРИИ 44-УМИН ҶАЛАСАИ АССАМБЛЕЯИ ГЕНЕРАЛИИ ҲИСОБОТИЮ ИНТИХОБОТИИ ШӮРОИ ОЛИМПИИ ОСИЁ

10.09.2024

: 1

Дар шаҳри Деҳлии Ҷумҳурии Ҳиндустон 44-умин ҷаласаи Ассамблеяи генералии ҳисоботию интихоботии Шӯрои олимпии Осиё баргузор гардид. Дар кори ҷаласаи мазкур Ҷумҳурии Тоҷикистонро ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон – Дилшод Назаров ва менеҷери Департаменти робитаҳои берунӣ, коргузорӣ ва иттилооти Кумита – Абдуллоев Фурқон намояндагӣ намуданд.
Дар кори ҷаласа Чен Вейцян – ноиби раиси шаҳри Ҳангжоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин гузориши ҷамъбастӣ оид ба 19-умин Бозиҳои тобистонаи Осиёӣ Ҳангжоу пешниҳод намуда, аз ҷониби масъулини Шӯрои олимпии Осиё бошад гузориш оид ба рафти омодагиҳо доир ба Бозиҳои дар пеш истодаи Осиёӣ Аичи Нагая – 2026 дода шуд.
Иҷрокунандаи вазифаи Президенти Шӯрои олимпии Осиё - Раҷа Рандхир Сингҳ намояндагони 45 кумитаҳои миллии олимпии қораи Осиёро дар ифтитоҳи 44-умин Ассамблеяи генералӣ хайрамақдам намуд.
Зимнан, тибқи рӯзномаи ҷаласа интихоботи Президенти Шӯрои олимпии Осиё, ноибони Президенти ШОО аз 5 минтақаи қораи Осиё, аъзои Кумитаи иҷроия, роҳбарони кумитаҳо ва комиссияҳо баргузор гардид, ки дар натиҷа бо гирифтани 44 овоз аз 45 райъдиҳандаҳои кумитаҳои миллии олимпии қораи Осиё Раҷа Рандхир Сингҳ ба ҳайси Президенти Шӯрои олимпии Осиё интихоб гардид.
Маврид ба зикри хос аст, ки дар кори 44-умин ҷаласаи Ассамблеяи генералии ҳисоботию интихоботии Шӯрои олимпии Осиё ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон – Дилшод Назаров ҳамчун раиси Кумитаи варзиши Шӯрои олимпии Осиё ва ҳамзамон аъзои Кумитаи иҷроияи Шӯрои олимпии Осиё интихоб гардид.
Ҳамзамон, дар кори ин ҷаласа Кумитаи тадорукот ва масъулини Шӯрои олимпии Осиё нақшаҳо ва омодагиҳои худро оид ба баргузории Бозиҳои Осиёӣ дар пеш истодаро ба ҳозирин муаррифӣ намуданд.