Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

МАРҲИЛАИ ДУЮМИ БАРНОМАИ “ОМӮЗИШИ ФАРҲАНГ ВА МЕРОСИ ОЛИМПӢ” ДАР 10 МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ КИШВАР ТАДБИҚ ГАРДИД

29.05.2024

: 179

Дар Муассисаи давлатии таълимии “Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат”-и ш. Кӯлоб, Муассисаи давлатии таълимии “Литсей барои хонандагони болаёқат”-и ш. Кӯлоб, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №61 ба номи Умаров Мирзо, н. Восеъ, Литсеи давлатии №1-и н.Восеъ, Муассисаи давлатии таълимии мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқати ш. Турсунзода, Муассисаи давлатии таълимии “Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат”-и ш. Ҳисор, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 ба номи Ҷамшедшои Мирзо, н. Ш. Шоҳин, Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 ба номи Соҳиб Табар Шуратиевич, н. Муъминобод ва Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №30 ба номи Далиев  Назар, н. Муъминобод марҳилаи дуюми барномаи “Омӯзиши фарҳанг ва мероси олимпӣ” тадбиқ гардид.
Маврид ба зикри хос аст, ки дар ин марҳилаи барнома дар давоми 5 рӯз омӯзгорони фанни тарбияи ҷисмонии ин 10 муассисаи таълимӣ, ки дар марҳилаи аввали барнома ба семинари омӯзишӣ 5 рӯза фаро гирифта шуда буданд, ба зиёда аз 5500 хонандагон мавзуъҳоро оид ба сиёсати варзишпарварона ва ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, фарҳанг ва мероси олимпӣ аз рӯи Дастурамал оид ба “Омӯзиши арзишҳои олимпӣ дар муассисаҳои таълимӣ” омӯзиш доданд.
Зимнан, баъд аз ба пуррагӣ тадбиқ гардидани марҳилаи дуюми ин барнома, тамоми омӯзгорон ва хонандагони ин 10 муассисаи таълимӣ, ки аз ин барнома баҳравар гардиданд, миннатдории худро ба Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва Ҳамбастагии олимпӣ баён намуданд.