31.05.2024
: 141
Дар асоси нақша чорабиниҳои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 ба номи Ҷамшедшои Мирзо, н. Ш. Шоҳин барномаи “Омӯзиши фарҳанг ва мероси олимпӣ” ба пуррагӣ татбиқ гардид.
Маврид ба зикр аст, ки омӯзгори фанни тарбияи ҷисмонии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 ба номи Ҷамшедшои Мирзо, н. Ш. Шоҳин қаблан дар семинари омӯзишие, ки дар шаҳри Кӯлоб аз ҷониби Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон баргузор гардида буд, аз рӯи дастурамал оид ба “Омӯзиши арзишҳои олимпӣ дар муассисаҳои таълимӣ” доир ба сиёсати бузурги варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, фарҳанг ва мероси олимпӣ мавзуъҳоро омӯзиш гирифта, пас аз он мавзуъҳои дастурамал оид ба “Омӯзиши арзишҳои олимпӣ дар муассисаҳои таълимӣ” ба хонандагони ин муассиса таълим дод.
Ҷиҳати ба ҳадафҳои гузошташудаи барнома расидан ва бо мақсади ҷамъбаст намудани барнома дар ин муассисаи таълимӣ ҷамъомад баргузор гардид. Дар кори ин ҷамъомад директори генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ҷоизадори Бозиҳои тобистонаи олимпии Лондон – Мавзуна Чориева бо хонандагони аз ин барнома баҳраваршуда мулоқот анҷом дод.
Зимни ин ташрифи намояндагони Кумита қаблан миёни хонандагон вобаста ба мавзуъҳои сиёсати варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, рушди Ҳаракати олимпӣ, фарҳанг ва мероси олимпӣ виктарина баргузор гардида, ғолибон бо туҳфаҳои таъсисдодаи Кумита сарфароз гардонида шуданд.
Ҳамзамон, миёни хонандагон ва директори генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ҷоизадори Бозиҳои тобистонаи олимпии Лондон – Мавзуна Чориева суҳбати озод дар мавзӯи варзиш ва рушди Ҳаракати олимпӣ дар кишвар баргузор гардид.
Маврид ба зикр хос аст, ки дар доираи барномаи “Омӯзиши фарҳанг ва мероси олимпӣ” миёни хонандагони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 ба номи Ҷамшедшои Мирзо, н. Ш. Шоҳин мусобиқаҳои хурди варзишӣ, аз қабили шоҳмот, тенниси рӯи миз, волейбол, баскетбол ва футболи хурд баргузор гардида, ғолибон бо туҳфаҳо қадрдонӣ гардиданд.
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 ба номи Ҷамшедшои Мирзо, н. Ш. Шоҳин кӯмаки яквақтаина, аз қабили маводҳои дафтардорӣ ва лавозимотҳои варзишӣ расонид.