15.12.2022
: 320
Бо дастгирии молиявии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар доираи Барномаи “Фаъолиятҳои минтақавии КМО”-и Шӯрои олимпии Осиё, тими мунтахаби тенниси Тоҷикистон ба ҷамъомади машқӣ-таълимии 15-рӯза фаро гирифта шуд.
Машғулиятҳои амалию назариявиро сармураббиёни Федератсияи тенниси Тоҷикистон Абдурасул Муҳиддинов, Анвар Тухтаев ва Далер Қурбонов гузарониданд.
Мақсад аз ташкили ҷамъомади машқӣ-таълимӣ омодагии варзишгарони риштаи теннис ба мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ мебошад. Чанд сол аст, ки дар Душанбе миёни наврасон ва ҷавонон мусобиқаҳои байналмилалии рейтингӣ оид ба теннис доир мешавад ва дар онҳо варзишгарони беш аз 15 давлат ширкат мекунанд.
Федератсияи тенниси Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ кӯшиш менамояд, ки варзишгаронамон ҷиддӣ омодагӣ бинанд ва дар мусобиқаҳои зикршуда, ки қарор аст аз моҳи апрели соли оянда шуруъ гардад, ҷойҳои намоёнро ишғол намоянд.