13.12.2022
: 327
Имрӯз, 13 декабр, дар маҷмааи «Кохи Суруш»-и пойтахт маросими ботантанаи ҷоизасупории Лигаи футболи Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он барандагони ҷоизаҳои инфиродӣ аз рӯи ҷамъбасти соли 2022 эълон шуданд.
Дар маросими тантанавӣ ғолибон аз рӯи понздаҳ номинаи Лигаи олии чемпионати Тоҷикистон, чемпионати кишвар байни дастаҳои лигаи аввал ва ҳайати ҷавонони лигаи олӣ муайян карда шуданд.
Ҳамин тариқ, нимҳимоятгари тими “Кӯктош” Худойдод Узоқов беҳтарин бозигари лигаи аввали Тоҷикистон ва ҳамлагари дастаи “Гулистон” Мӯҳсин Рустамзода беҳтарин нишонзанро соҳиб шуданд. Сармураббии дастаи «Кӯктош» Тоҳир Мӯъминов беҳтарин мураббии лигаи аввали Тоҷикистон дар мавсими соли 2022 эълон шуд.
Дар Чемпионати Тоҷикистон миёни ҷавонон ҷоизаи беҳтарин бозигар насиби Пахлавон Баҳризода аз “Истиқлол”-и пойтахт шуд. Сармураббии эҳтиётии «Регар-ТадАЗ» Фарҳод Холбеков ҷоизаи беҳтарин мураббии ҳайати ҷавонон ва Асадбек Ҷӯрабекзода (КМВА) беҳтарин нишонзан гардиданд.
Довари пойтахт Гулмуроди Саъдулло бори нахуст дар карйерааш бо ҷоизаи “Беҳтарин довари Тоҷикистон” сарфароз гашт. Дар лигаи олии Тоҷикистон дарвозабони «Истиқлол»-и пойтахт ва тими миллии Тоҷикистон Рустам Ятимов беҳтарин дарвозабон дониста шуд. Капитани тими миллии кишвар Аҳтам Назаров беҳтарин ҳимоятгари лигаи олӣ гардид. Бозингари «Хатлон»-и Бохтар Тоҳирҷон Тағойзода бо ҷоизаи «Беҳтарин нимҳимоятгари чемпионати Тоҷикистон-2022» сарфароз шуд. Капитани «Хуҷанд» Ҷаҳонгир Эргашев беҳтарин ҳамлагар ва ҳимоятгари “Равшан”-и Кӯлоб Самуэл Офорӣ беҳтарин легионери лигаи олӣ эътироф шуданд.
Сармураббии «Истиқлол» Алишер Тӯхтаев ҷоизаи беҳтарин мураббии Тоҷикистон-2022-ро гирифт. Беҳтарин бозингари сол капитани «Истиқлол» Манучеҳр Ҷалилов дониста шуд. Ӯ ҳамчунин бо 16 гол нишонзани беҳтарини чемпионати кишвар гардид.