09.12.2022
: 408
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон аз 28 ноябр то 8 декабри соли равон лоиҳаи “Рушди иҷтимоӣ тариқи омӯзиш ва олимпизм”-и Шӯрои олимпии Осиёро татбиқ кард.
Дар чорабинӣ, ки дар ҳамкорӣ бо Комиссияи варзишгарони КМОТ баргузор шуд, 16 варзишгардухтар аз намуди таеквондо WT ҷалб шуданд.
Директори генералии КМОТ, раиси Комиссияи варзишгарони КМОТ Мавзуна Чориева дар ифтитоҳи чорабинӣ гуфт, мақсад аз татбиқи барнома ҷалби бештари бонувон ба варзиш мебошад.
“Дар Ҳаракати олимпӣ ба мавқеи бонувон ва баробарии гендерӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад. Ҳамин аст, ки дар Бозиҳои олимпии Париж-2024 иштироки баробари мардону бонувон дар назар аст. Дар робита ба ин, Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон низ барои ҷалби бонувон ба варзиш чораандешӣ мекунад. Мо хушҳолем, ки дар намуди олимпии таеквондо шумораи зиёди бонувон машғуланд ва тариқи баргузории чунин чорабиниҳо мо метавонем дар дигар намуди варзишҳо низ духтаронро ҷалб намоем”, - гуфт М. Чориева.