10.12.2022
: 442
Муштзанбонуи тоҷик Миҷгона Самадова дар Ҷоми ҷаҳонии бокс миёни кишварҳои истеҳсолкунандаи нефт сазовори медали тилло шуд.
Мусобиқа бо иштироки варзишгарон аз Озарбойҷон, Миср, Конго, Гурҷистон, Белорус, Тоҷикистон, Узбекистон 5 декабр дар минтақаи Белоярски Руссия оғоз шуд ва имрӯз – 10 декабр анҷом меёбад.
Рақобатҳо аз рӯи 13 вазн миёни мардон ва 6 вазн миёни занон ҷараён гирифт.
Миҷгона Самадова дар вазни 57 кило сабқат намуда, то ба финал расидан бар муштзанҳои кишварҳои Беларус ва Руссия дастболо шуд. Ӯ дар финал бар намояндаи дигари кишвари мизбон Евгения Лочканова ғалаба ба даст овард.
Ду варзишгари дигарамон миёни бонувон – Шоира Зулқайнарова дар вазни -60кг ва Меҳриноз Музаффарова дар вазни -81кг ҷои сеюмро гирифтанд.
Миҷгона Самадова соли дуюм аст, ки ба гирифтани медали тиллои Ҷоми ҷаҳон даст меёбад. Соли гузашта низ дар ин мусобиқа Миҷгона мақоми аввалро сазовор шуда буд.