08.11.2022
: 337
Аз 3 то 7 ноябр дар шаҳри Тошканди Узбекистон давраи дуюми Барномаи рушди мураббиён ва доварони Шӯрои олимпии Осиё (ОСА) барои кумитаҳои олимпии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ баргузор шуд.
Дар чорабинӣ мураббиёну доварон аз 14 кишвари ҳар ду минтақа дар намудҳои ҷудо, гуштин, вазнбардорӣ, бокс ва шиноварӣ ширкат карданд.
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар доираи барнома 17 нафар мураббиёну доваронро аз намудҳои варзиши ҷудо, гуштин, вазнбардорӣ, шиноварӣ ва бокс барои такмили ихтисос ба Тошканд сафарбар кард ва онҳо соҳиби сертификати ОСА шуданд. Миёни онҳо, аз ҷумла Муҳаммад Абдураҳмонов, Ҷамшед Халилов, Алишер Мустақимов (ҷудо), Абдурозиқ Олимов, Фаррухрӯз Раҳмонов, Шодӣ Баҳромов (гуштин), Фурқон Абдуллоев, Алӣ-Сомон Алиаҳмадзода (шиноварӣ), Хуршед Абдуллоев, Асомиддин Бурҳонов (бокс), Асомиддин Сангов (вазнабардорӣ) буданд.
Дарсҳои назариявӣ аз ҷониби коршиносони варзидаи федератсияҳои байналмиллалӣ аз Узбекистон, Канада, Ирландия, ШМА, Тайланд, Чин ва Русия гузаронида шуд.