09.11.2022
: 399
9 ноябр ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Дилшод Назаров бо президенти Федератсияи қайиқронии слаломи Россия Сергей Папуш мулоқот кард.
Дар мулоқот масъалаи ҳамкории дуҷониба ҷиҳати рушди варзиши қайиқронии слалом баррасӣ гардид.
Дилшод Назаров меҳмононро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, иброз намуд, ки ин мулоқот боиси рушди ҳамкориҳо ва рушди намуди слалом дар Тоҷикистон хоҳад шуд.
Сергей Папуш изҳор намуд, ки Тоҷикистон дарёҳои зиёд дорад, ки барои машғул шудан ва рушди варзиши қайиқронии слалом мусоид аст. Аз ҷумла ёдовар шуд, ки дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ дастаи мунтахаб дар дарёи Варзоб тамрин мекард.
Ҷонибҳо барои баргузор намудани як мусобиқаи байналмилалӣ оид ба қайиқронии слалом дар арафаи ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон ба мувофиқа расиданд.
Мувофиқа шуд, ки низомномаи мусобиқа дар наздиктарин фурсат омода карда шуда, ҷиҳати анҷоми корҳои ташкилӣ кумитаи тадорукот таъсис дода шавад.