14.06.2022
: 502
Варзишгарони тоҷик дар 19-ум Чемпионати ҷаҳон оид ба варзишҳои обӣ, ки аз 18 июн то 3 июл дар шаҳри Будапешти Маҷористон баргузор мешавад, ширкат мекунанд.
Ба иттилои Федератсияи миллии шиноварии Тоҷикистон, ҷумҳурии моро дар чемпионати ҷаҳон ду варзишгар – Екатерина Бордачева ва Фахриддин Мадкамов бо роҳбарии сармураббӣ Екатерина Измайлова намояндагӣ мекунанд.
Чемпионат соли 2021 дар Фукуокаи Ҷопон ба нақша гирифта шуда буд, вале пас аз мавқуф гузошта шудани Бозиҳои олимпии Токио ба соли 2021 ба соли 2022 гузаронида шуд. Бо вуҷуди ин, дар моҳи январи соли 2022 эълон гардид, ки чорабинӣ дар Фукуока бо сабаби таъсири варианти “Omicron” ва чораҳои пандемия дар Ҷопон бори дуюм ба соли 2023 мавқуф гузошта мешавад.
7 феврали соли 2022, Федератсияи байналмилалии шиноварӣ (FINA) эълон кард, ки Будапешт мизбони чемпионати ғайринавбатӣ аз 18 июн то 3 июли соли 2022 хоҳад буд.
Будапешт бори дуюм аст, ки чемпионати ҷаҳон оид ба варзишҳои обиро мизбонӣ мекунад. Чорабинӣ 5 сол пеш, соли 2017 дар пойтахти Маҷористон доир шуда буд.
Дар маҷмӯъ, варзишгарон барои 74 маҷмӯи медалҳо дар панҷ равия – шиноварӣ, шиноварӣ дар оби кушод, ҷаҳиш ба об, шиноварии синхронӣ ва тӯббозӣ дар об – нерӯ месанҷанд.