Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ПАРИЖ-2024: СИСТЕМАИ ИНТИХОБИИ ГУШТИН

09.04.2022

: 561

Гуштин аз қадимтарин намуди варзиши олимпӣ мебошад. Мусобиқа оид ба гуштин аз аввалин Бозиҳои олимпӣ – соли 1896 дар Афинаи Юнон ба барномаи Бозиҳои олимпӣ ворид аст, ба ғайр аз Бозиҳои олимпии Париж-1900.

Аввалин мусобиқа оид ба гуштин дар вазни озод, равияи юнонӣ-римӣ баргузор шуд. Дар Олимпиадаи соли 1904 дар Сент Луис мусобиқа аз рӯи вазнҳо танҳо дар равияи тарзи озод сурат гирифт. Қаблан дар ин намуди варзиш фақат мардҳо иштирок мекарданд. Гуштини занона аз соли 2004 (Бозиҳои олимпии Афина) вориди барномаи бозиҳо шуд.

Варзишгарони Тоҷикистон оид ба ин намуди варзиш дар Бозиҳои олимпии Атланта-1996 дар ҳайати 1 нафар, дар Бозиҳои олимпии Афина-2004 - 3 нафар, дар Бозиҳои олимпии Пекин-2008 - 2 нафар, дар Бозиҳои олимпии Лондон-2012 - 4 нафар иштирок кардаанд.

Дар Бозиҳои олимпии Пекин-2008 варзишгари маъруфи кишвар Юсуф Абдусаломов дар гуштини тарзи озод (вазни -84кг) сазовори медали нуқра шуд. Юсуф иштирокчии 3 Олимпиада мебошад.

Соли 2024 (26 июл – 11 август) дар Париж – пойтахти Фаронса XXXIII Бозиҳои Олимпиада баргузор мешавад. Ба барномаи бозиҳо 32 намуди варзиш, аз ҷумла гуштин ворид гардидааст.

Мусобиқаи гуштин аз рӯи 18 вазн доир мешавад: гуштини озод миёни мардон 6 категорияи вазнӣ – -57кг, -65кг, -74кг, -86кг, -97кг, -125кг, гуштини юнонӣ-румӣ миёни мардон 6 категорияи вазнӣ – -60кг, -67кг, -77кг, -87кг, -97кг, -130кг, гуштини бонувон 6 категорияи вазнӣ – -50кг, -53кг, -57кг, -62кг, 68кг, -78кг.

Дар намуди гуштин ҳамагӣ 288 варзишгар (192 нафар миёни мардон, 96 нафар миёни бонувон) иштирок мекунанд, аз ҳар кумитаи олимпӣ 18 нафар (1 нафар дар як вазн).

Варзишгарон тариқи мусобиқаҳои интихобии олимпӣ соҳиби роҳхат мешаванд. 90 роҳхат дар чемпионати ҷаҳон-2023 дода шуда, 144 нафар тариқи мусобиқаҳои интихобии қитъавӣ, 54 нафар тариқи мусобиқаи интихобии ҷаҳонӣ ба Париж сафарбар мегарданд.

Дар чемпионати ҷаҳон, ки 16-24 сентябри 2023 дар шаҳри Красноярки Россия ба нақша гирифта шудааст, 5-гонаи аввали ҳамаи вазнҳо ҳаққи иштирок дар Бозиҳои олимпии Парижро пайдо мекунанд (барандагони медалҳои тилло, нуқра, ду биринҷӣ. Барои роҳхати панҷум ду варзишгаре, ки дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм мағлуб шуданд, бо ҳам гуштин мегиранд). Дар чемпионати ҷаҳон варзишгароне иштирок карда метавонанд, ки дар чемпионатҳои қитъавии соли 2023 ширкат карда бошанд.

Соҳибони 144 роҳхат тариқи мусобиқаҳои интихобии қитъавӣ муайян мегарданд. Иттиҳоди ҷаҳонии гуштин барои Амрико, Аврупо, Осиё 36-ҷоӣ ва барои қитъаҳои Африқо-Уқёнус 36 ҷой ҷудо кардааст. Мусобиқаи интихобии олимпии Осиё оид ба гуштин 12-14 апрели соли 2024 баргузор хоҳад шуд. Варзишгароне, ки дар чемпионати ҷаҳон-2023 соҳиби роҳхат мешаванд, ҳуқуқи иштирок дар мусобиқаҳои интихобиро надоранд. Кумитаҳои олимпӣ низ дар категорияи вазние, ки роҳхат гирифтаанд, варзишгари дигарро сафарбар карда наметавонанд. Ду ҷои аввали ҳар категорияи вазнии мусобиқаҳои интихобии қоравӣ соҳиби роҳхати олимпӣ мегарданд.

54 роҳхати боқимонда ба се нафари аввали ҳар категорияи вазнии мусобиқаи интихобии олимпии ҷаҳонӣ (9-12 майи 2024) дода мешавад. Барандагони медалҳои тилло ва нуқра мустақим роҳхат мегиранд, барои роҳхати сеюм ду варзишгаре, ки медали биринҷӣ гирифтаанд, бо ҳам гуштин мегиранд.

Мусобиқаи гуштин дар Бозиҳои олимпии Париж-2024
Қувваозмоӣ – 18
Мардон – 12
Бонувон – 6

Шумораи иштирокчиён
Мардон – 192
Бонувон - 96
Ҳамагӣ – 288

Синну сол: 19+

Варзишгар барои иштирок дар Бозиҳои олимпӣ бояд литсензияи Федератсияи миллии варзиширо дошта бошад ва номаш дар базаи маълумоти Иттиҳоди ҷаҳонии гуштин сабт гардида бошад.

Тақсимоти ҷойҳо:
Роҳхат тариқи чемпионати ҷаҳон-2023 – 90
Роҳхат тариқи мусобиқаҳои интихобии қитъавӣ – 144
Роҳхат тариқи мусобиқаи интихобии ҷаҳонӣ - 54
Ҳамагӣ – 288

Муҳлати марҳилаи интихобӣ
16 сентябри соли 2023 – 12 майи соли 2024

Мусобиқаҳои интихобӣ
16-24 сентябри соли 2023
Чемпионати ҷаҳон оид ба гуштин. Красноярск, Россия

12-14 апрели соли 2024
Мусобиқаҳои интихобии олимпӣ дар қитъаи Осиё

09-12.05.2024
Мусобиқаи интихобии олимпии ҷаҳонӣ