09.04.2022
: 591
Варзишгарони тоҷик дар Ҷоми Осиё оид ба ҷудо миёни наврасон ва ҷавонон, ки 5-8 апрел дар шаҳри Тошканди Узбекистон баргузор шуд, се медал – як нуқра, ду биринҷӣ ба даст оварданд.
Дар ин мусобиқаи анъанавии байналмилалӣ ҳудуди 500 варзишгар аз ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Узбекистон, Гурҷистон ва Озарбойҷон иштирок карданд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 9 нафар миёни наврасон ва 19 нафар миёни ҷавонон ба Тошканд сафарбар гардида, дар мусобиқа миёни ҷавонон ба гирфитани се медал – як медали нуқра ва ду медали биринҷӣ даст ёфтанд.
Медали нуқраро Иброҳим Элмуродов дар вазни +100кг ба даст овард. Нуралӣ Эмомалӣ дар вазни -66кг ва Масъуд Аҳмадзод дар вазни -73кг сазовори медали биринҷӣ гаштанд.