02.11.2021
: 670
25-31 октябр дар шаҳри Душанбе Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шоҳмот баргузор шуд.
Дар мусобиқа 52 варзишгар (35 мард, 17 зан) аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе миёни ҳам рақобат намуданд.
Ба иттилои котиби генералии Федератсияи шоҳмоти Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳом Юнусов, чемпионати имсола, хусусан миёни мардҳо бисёр бошиддат ҷараён гирифт. Шаш нафар барои гирифтани ҷойҳои дуюму сеюм миёни мардҳо холҳои якхела гирифтанд ва ҷоизадорон аз рӯи коэфитсент муайян шуданд.
Ҳамин тариқ, миёни мардҳо устоди дараҷаи байналмилалӣ Ҷамшед Исоев (Душанбе) ҷои аввалро сазовор шуд. Аъзам Юнусов (Хатлон) ҷои дуюм ва Аҳмад Афзалзода (Суғд) ҷойи сеюмро гирифтанд.
Миёни бонувон бошад, Мутриба Ҳотамӣ (Душанбе) ғолиб гардид. Ҷойи дуюм насиби Рухшона Саидова (Суғд) ва ҷойи сеюм насиби Амина Мазҳабова (Душанбе) шуд.