Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН БАРОИ БОКСЧИЁНИ МО АНҶОМ ЁФТ

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН БАРОИ БОКСЧИЁНИ МО АНҶОМ ЁФТ ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН БАРОИ БОКСЧИЁНИ МО АНҶОМ ЁФТ

02.11.2021

: 670

Варзишгарони мо иштирокашонро дар Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни мардҳо, ки дар шаҳри Белгради Сербия ҷараён дорад, анҷом доданд.

1 ноябр дар даври ҳаштякфинал ду варзишгари бомаҳоратамон, иштирокчиёни Бозиҳои олимпии Токио Баҳодур Усмонов ва Шаббос Негматуллоев вориди ринг шуданд. Дар вазни -80кг Шаббос Негматуллоев аз Кейлан Кассидӣ (Ирланд) ва дар вазни 63.5кг Баҳодур Усмонов аз Сомчай Вонгсуван (Тайланд) бо ҳисоби якхелаи 1:4 мағлуб гардиданд.

31 октябр дар даври ҳаштякфинал дар вазни -60кг Абдураҳмон Ёқубов аз Алекс Де Ла Круз Баез аз Доминикан ва дар вазни +92кг Ҷаҳон Қурбонов аз варзишгари Ҳиндустон Наренда шикаст хурда буданд.

Ёдовар мешавем, ки Шаббос Негматуллоев дар ду давр бар Силвио Шерле (Олмон), Самуел Камара (Сера Леоне) ва Баҳодур Усмонов, ки дар даври аввал озод буд, дар дар даври дуюм бар Илия Шакиров (Руссия) дастболо шуда буданд.

Ҳамин тариқ, варзишгаронамон иштирок дар Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни мардонро анҷом доданд.

Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни мардҳо дар шаҳри Белгради Сербия то 6 ноябр идома меёбад. Дар он беш аз 500 варзишгар аз 88 кишвари ҷаҳон ширкат доранд.

Бори аввал дар таърихи чемпионат ғолибон дар баробари медал бо ҷоизапулӣ дар ҳаҷми 100 000 доллар ва камарбанд, барандагони ҷойҳои дуюму сеюм бошанд, дар баробари медал мутаносибан бо ҷоизапулӣ дар ҳаҷми 50 000 ва 25 000 доллар қадрдонӣ мешанд.