Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ҲУЗУРИ МУХЛИСОНИ ХОРИҶӢ ДАР БОЗИҲОИ ЗИМИСТОНАИ ОЛИМПИИ ПЕКИН МАНЪ АСТ

30.09.2021

: 650

Кумитаи тадорукоти Бозиҳои зимистонаи олимпии Пекин-2022 гуфтааст, ки мухлисони чинӣ ба Олимпиада иҷозат дода мешаванд, вале мухлисони хориҷӣ наметавонанд дар маконҳои бозиҳо ҳузур пайдо кунанд.

Кумитаи тадорукоти бозиҳо "Системаи идоракунии ҳалқаи пӯшида"-ро роҳандозӣ хоҳад кард, ки тавассути он ҳама кормандони марбут ба бозиҳо метавонанд танҳо тариқи ҷойҳои таъиншуда тавассути нақлиёти махсус ҳаракат кунанд.

Ҳама дар дохили ин система ҳар рӯз барои COVID-19 озмоиш карда мешаванд.

Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва Кумитаи байналмилалии паралимпӣ аз нақшаи Пекин-2022, бахусус қабули мухлисон пуштибонӣ кардаанд.

Нашри аввалини "китоби бозиҳо", ки чораҳои муқовимат бо коронавирусро шарҳ медиҳанд, бояд дар охири моҳи октябр сурат гирад, аммо талаботҳои қатъии карантини варзишгарони ваксинанашуда бояд риоя карда шаванд.

Онҳое, ки пурра иммунизатсия карда нашудаанд, бояд пас аз расидан ба Пекин ва пеш аз ворид шудан ба системаи идоракунии ҳалқаи пӯшида, як давраи карантини 21-рӯзаро гузаронанд.

Кумитаи олимпӣ ва паралимпии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, аллакай ваксинаи зидди COVID-19-ро барои ҳайатҳои олимпӣ ва паралимпии худ ҳатмӣ кардааст.

Ба варзишгароне, ки бар зидди коронавирус иммунизатсия карда шудаанд, пас аз расидан ба онҳо иҷозат дода мешавад, ки ба системаи идоракунии ҳалқаи пӯшида ворид шаванд.

Ҳамаи ғайрииштирокчиён бояд дар давоми 21 рӯз пас аз расидан ба Чин, тибқи қоидаҳои мавҷудаи ин кишвар, ки яке аз шадидтарин дар ҷаҳон ҳаст, бояд карантин шаванд.

Сарҳадҳои Чин, асосан баста шудаанд ва як қатор чорабиниҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла мусобиқаҳои санҷишии Пекин-2022 ва чемпионатҳои ҷаҳон оид ба қайиқронӣ ва таеквондо бекор карда шуданд.

Кумитаи байналмилалии олимпӣ гуфтааст, ки дар бозиҳо меҳмонони ҳамроҳ иҷозат дода намешаванд, мисле ки дар Токио буд.

Бозиҳои зимистонаи олимпии Пекин-2022 аз 4 то 20 феврали соли 2022 ба нақша гирифта шудааст. Бозиҳо аз рӯи 7 намуди варзиш (15 равияи варзишӣ) доир мегардад.