30.09.2021
: 596
Дастаи мунтахаби бонувони Тоҷикистон оид ба футбол бо роҳбарии сармураббӣ Юсуф Рабиев иштирокашро дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 ҷамъбаст кард.
Дар бозии ҳалкунанда мунтахаби бонувони мо аз дастаи Ветнам мағлуб шуд (0:7) ва дар гурӯҳи “В” ҷои дуюмро ишғол намуд.
Ҳамин тариқ, мунтахаби бонувони Ветнам аз гурӯҳи “В” ба марҳилаи финалии Ҷоми Осиё-2022 роҳхат гирифт.
Ёдовар мешавем, ки тими мунтахаби бонувони Тоҷикистон 26 сентябр дар даври дуюм бар дастаи Малдив бо ҳисоби 4:0 пирӯз шуда буд. Ветнам бошад, дар даври аввал Малдивро бо ҳисоби 16:0 шикат дод.