04.09.2021
: 715
Имрӯз, 4 сентябр, дар шаҳри Қазони Федератсияи Россия маросими кушодашавии аввалин Бозиҳои кишварҳои ИДМ баргузор мешавад.
Дар бозиҳо 1500 варзишгар аз 10 кишвар иштирок доранд: Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Озарбойҷон, Россия, Тоҷикистон, Туркменистон ва Узбекистон.
Мусобиқоти бокс ва гуштин қабл аз маросими кушодашавӣ шуруъ гардиданд. Паҳлавонони тоҷик 3 сентябр дар гуштини юнонӣ-римӣ 2 медал ба даст оварданд. Фирӯз Мирзораҷабов дар вазни -60кг медали нуқра, Асламҷон Азизов дар вазни -55кг медали биринҷӣ гирифтанд.
Фирӯз Мирзораҷабов дар қувваозмоиҳои муқаддамотӣ Нихат Маммадлӣ аз Озарбойҷон, Вячеслав Жегалов аз Белорус, дар нимфинал Нурмуҳаммад Абдуллоев аз Қирғизистонро шикаст дода, ба финал роҳ ёфт. Вале ӯ дар финал аз намояндаи мизбон Динислом Бамматов мағлуб ва сазовори медали нуқра гардид.
Азизҷон Асламов Максим Ступакевич аз Белорусро мағлуб намуд, вале дар нимфинал аз Курбан Коналиев (Россия) шикаст хурд. Ӯ сипас дар рақобат барои ҷои сеюм бар варзишгари Қазоқистон Исхар Курбаев ғалаба намуда, сазовори медали биринҷӣ шуд.