Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ БАРОИ КОМРОНШОҲ УСТОПИРИЁН НИЗ АНҶОМ ЁФТ

28.07.2021

: 729

28 июл дар доираи Бозиҳои олимпии Токио-2020 мусобиқаи ҷудо дар вазни -90кг идома ёфт, ки дар он паҳлавони маъруфи тоҷик Комроншоҳ Устопириён қувваозмоӣ кард.

Комроншоҳ, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм аз намояндаи Фаронса Аксел Клерҷет шикаст хурд.

Ҳамин тариқ, Комроншоҳ чорум варзишгари тоҷик мебошад, ки Бозиҳои олимпии Токиоро ҷамъбаст намуданд. Рӯзҳои қаблӣ Шаббос Негматуллоев дар намуди бокс, Сомон Маҳмадбеков ва Акмал Муродов дар намуди ҷудо иштирокашонро дар чорабинии сатҳи баланди варзишӣ анҷом доданд.

Мусобиқаи ҷудо, ки 24 июл оғоз гардида буд, то 31 июл идома меёбад. 30 июл паҳлавони дигари кишвар Темур Раҳимов дар вазни +100кг гуштин мегирад.

Бозиҳои олимпии Токио-2020 аз рӯи 33 намуди варзиш (50 равияи варзишӣ) ҷараён дорад. Дар ҷадвали ҳисоби медалҳо Ҷопон бо ба даст овардани 11 медали тилло, 4 нуқра, 5 биринҷӣ дар ҷои аввал аст. Штатҳои Муттаҳидаи Амрико бо 10 медали тилло, 10 нуқра ва 9 биринҷӣ дар ҷои дуюм мебошад. Чин бо 10 тилло, 5 нуқра, 8 биринҷӣ, КОР бо 7 тилло, 7 нуқра, 4 биринҷӣ, Австралия бо 6 тилло, 1 нуҷра, 9 биринҷӣ дар панҷгонаи аввал мавқеъ гирифтаанд.