Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВАРЗИШГОҲИ НОҲИЯИ АЙНИРО БА ИСТИФОДА ДОДАНД

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВАРЗИШГОҲИ НОҲИЯИ АЙНИРО БА ИСТИФОДА ДОДАНД ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВАРЗИШГОҲИ НОҲИЯИ АЙНИРО БА ИСТИФОДА ДОДАНД ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВАРЗИШГОҲИ НОҲИЯИ АЙНИРО БА ИСТИФОДА ДОДАНД ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВАРЗИШГОҲИ НОҲИЯИ АЙНИРО БА ИСТИФОДА ДОДАНД

28.07.2021

: 755

28 июл дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла Варзишгоҳи марказии ноҳияи Айниро ифтитоҳ карда, бо фаъолон, варзишгарон ва намояндагони касбу кори гуногуни ин ноҳияи дурдасти кӯҳистон мулоқот анҷом доданд.

Маҷмааи калони варзишӣ бо майдони футбол ва дигар иншооти зарурии соҳа ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ – 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо харҷи 20 миллион сомонӣ дар майдони 16 гектар бунёд гардидааст.

Варзишгоҳи мазкур дорои 6 ҳазор ҷойи нишаст буда, дар маҷмӯъ аз 7 минбари нишастгоҳ иборат мебошад.

Баландии минбари асосӣ ё худ ҷойи нишасти меҳмонони олиқадр қариб 12 метр буда, дар ошёнаҳои якум ва дуюми иншоот барои мураббиёну варзишгарон 8 ҳуҷраи либосивазкунӣ, 16 нуқтаи санитарӣ, ҳуҷраҳои корӣ, анбори таҷҳизоти варзишӣ ва бунгоҳи тиббӣ сохта шудааст.

Дар маҷмааи варзишӣ барои баргузории мусобиқаҳои сатҳи ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ оид ба футбол ва машқу тамрини наврасону ҷавонон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Бо қаноатмандӣ таъкид гардид, ки минбаъд бо баргузор кардани мусобиқаҳои сатҳи баланд ҷавонону наврасони ноҳия ба машқу тамрин машғул шуда, малакаи варзишии худро баланд мебардоранд.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи варзишгоҳи боҳашаматро, пеш аз ҳама, барои рушди варзиш ва солимии ҷомеа дар ноҳия ва умуман водии Зарафшон муҳим арзёбӣ карда, дар арафаи таҷлил аз 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаи арзанда маънидод намуданд.

Баъди ифтитоҳи варзишгоҳи марказӣ Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди ҳамин иншооти тозабунёд бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Айнӣ мулоқоти самимӣ доир карданд.