Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ЛИБОСИ ҲАЙАТИ ОЛИМПӢ МУАРРИФӢ ШУДА, ФОНДИ ДАСТГИРИИ ОЛИМПӢ ТАЪСИС ЁФТ

ЛИБОСИ ҲАЙАТИ ОЛИМПӢ МУАРРИФӢ ШУДА, ФОНДИ ДАСТГИРИИ ОЛИМПӢ ТАЪСИС ЁФТ ЛИБОСИ ҲАЙАТИ ОЛИМПӢ МУАРРИФӢ ШУДА, ФОНДИ ДАСТГИРИИ ОЛИМПӢ ТАЪСИС ЁФТ ЛИБОСИ ҲАЙАТИ ОЛИМПӢ МУАРРИФӢ ШУДА, ФОНДИ ДАСТГИРИИ ОЛИМПӢ ТАЪСИС ЁФТ ЛИБОСИ ҲАЙАТИ ОЛИМПӢ МУАРРИФӢ ШУДА, ФОНДИ ДАСТГИРИИ ОЛИМПӢ ТАЪСИС ЁФТ ЛИБОСИ ҲАЙАТИ ОЛИМПӢ МУАРРИФӢ ШУДА, ФОНДИ ДАСТГИРИИ ОЛИМПӢ ТАЪСИС ЁФТ ЛИБОСИ ҲАЙАТИ ОЛИМПӢ МУАРРИФӢ ШУДА, ФОНДИ ДАСТГИРИИ ОЛИМПӢ ТАЪСИС ЁФТ

10.07.2021

: 739

10 июл дар ҷаласаи 20-ум Ассамблеяи генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон либоси варзишӣ ва расмии Ҳайати олимпии Тоҷикистон муаррифӣ шуда, Фонди дастгирии олимпӣ таъсис ёфт.

Тавре хабар дода шуд, либоси варзишии ҳайати олимпии Тоҷикистонро Ширкати ватании “Iamdifferent” таъмин мекунад. Маҷмӯи либоси Ҳайати олимпии Тоҷикистон аз 20 номгӯ, аз ҷумла, либоси варзишӣ барои маросими ҷоизагирӣ, гардиш, либоси варзишӣ барои тамрин, футболкаҳо, кулоҳи варзишӣ, пояфзоли варзишӣ, соат, ду ҷомадон ва ғайра иборат мебошад. Маҷмӯи либоси варзишӣ бо нақшу нигори миллӣ, инчунин рангҳои Парчами давлатӣ оро ёфтааст.

Гуфта шуд, тарҳи либоси ҳайати олимпии Тоҷикистон аз ҷониби як гурӯҳи босалоҳият, аз ҳисоби тарроҳон, олимон ва мутахассисони хориҷӣ дар давоми ду сол омода шуд.

Ёдрас менамоем, ки Ширкати “Iamdifferent” ҳайати олимпии Тоҷикистонро соли 2016 дар Бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейро низ бо маҷмӯи либоси варзишӣ таъмин намуда буд.

Дар ҷаласа ба Ширкати “Iamdifferent” ва роҳбари ширкат Дилшод Ҷӯразода “Сипоснома”-и Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон супорида шуд.

Ҳамчунин, ҷиҳати иҷрои супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ҷонибдории аъзои Кумита Фонди дастгирии олимпии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки барои таъмини шароити иҷтимоии варзишгарон, иштироки фаъолонаи онҳо дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ, таъмини варзишгарон бо лавозимоти варзишӣ, таъмини мактабу клубҳои варзишӣ бо таҷҳизоти варзишӣ ва ҳалли дигар масъалаҳои соҳаи варзиш нигаронида шудааст.

Ҳамчунин, дар ҷаласа дигар масъалаҳо баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.