Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ТОКИО ҲАНГОМИ БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ ДАР ҲОЛАТИ ФАВҚУЛОДДА ХОҲАД БУД

08.07.2021

: 693

Ҳукумати Ҷопон бо мақсади ҷилавгирӣ аз паҳншавии COVID-19 дар давраи Олимпиада дар пойтахт, шаҳри Токио ҳолати фавқулодда ҷорӣ кард.

Сарвазири Ҷопон Ёшиҳиде Суга тасмим гирифт, ки шаҳрро аз рӯзи душанбе (12 июл) то 22 август зери маҳдудиятҳои шадидтарин нигоҳ дорад. Аз ҷумла Олимпиадаи Токио-2020 бидуни мухлисон баргузор мешавад.

Дар ибтидо, созмондиҳандагони Токио-2020 розӣ буданд, ки ҳадди аққал 10 000 мухлис ё 50 фоизи иқтидори майдонро иҷозат диҳанд, агар Токио аз вазъи фавқулодда берун мешуд.

Бозиҳои олимпӣ бояд аз 23 июл то 8 август баргузор шаванд.

Аз замони сар задани пандемияи COVID-19 дар аввали соли 2020 ин чорумин ҳолати фавқулоддаи Токио хоҳад буд. Тадбирҳои пешбинишуда барои пойтахт аз манъи хӯрокхӯрӣ дар тарабхонаҳо ва дархости бастани онҳо то соати 20:00 иборатанд.

"Мо умедворем, ки одамонро дар таътили тобистона, то даме ки ҳама ваксина мегиранд, ҳифз кунем", - гуфтааст Ясутоши Нишимура, вазири эҳёи иқтисодӣ, масъули вокуниши COVID-19.

Ҷопон танҳо 15,2 фоизи аҳолии худро пурра эм кардааст.

Префектураҳои Чиба, Сайтама, Канагава ва Осака низ дар ҳолати фавқулодда қарор хоҳанд гирифт. Аммо, ҳолати фавқулодда дар панҷ префектураи дигар - Ҳоккайдо, Аичӣ, Киото, Ҳйого ва Фукуока - мувофиқи нақша рӯзи якшанбе (11 июл) ба охир мерасад.

Дар Ҷопон то ҳол 811000 ҳолати гирифторшавӣ ба COVID-19 ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷа беш аз 14800 нафар ба ҳалокат расидаанд. Шабонарӯзи гузашта 1635 ҳолати нав ва 22 марг қайд шудааст.