03.07.2021
: 784
3 июл дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон куси техникии Ҳамбастагии олимпӣ барои мураббиёни тенниси рӯи миз оғоз шуд, ки то 13 июл идома меёбад.
Курсро коршиноси байналмилалии тенниси рӯи миз аз Урдун Атум Муҳаммад Амин Муҳаммад мегузаронад.
Дар оғози чорабинӣ котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Муҳаммадшо Абдуллозода Атум Муҳаммадро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, иброз намуд, ки Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон барои рушди намудҳои олимпии варзиш кӯшишҳо ба харҷ медиҳад. Дар ҳамкорӣ бо Федератсияи тенниси рӯи мизи Тоҷикистон ва Федератсияи байналмилалии тенниси рӯи миз мувофиқа шуд, курси дараҷаи 2 гузаронида шавад. Бо роҳнамоии Атум Муҳаммад соли 2019 курси дараҷаи якум доир гардида буд.
Атум Муҳаммад барои даъват ва пазироӣ изҳори сипос намуда, қайд кард, ки дар шароити имрӯза аксари давлатҳо чунин чорабиниҳо намегузаронанд. Хушбахтона, Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Федератсияи тенниси рӯи мизи Тоҷикистон ба душвориҳо нигоҳ накарда, имконияти омӯзиш ва рушди ин намуди варзишро фароҳам карданд. Дар тенниси рӯи миз ин дуюм курси мураббиён аст, ки ташкил шудааст. Чанде пеш чунин чорабинӣ дар яке аз давлатҳои Африқо баргузор шуда буд.
20 нафар мураббӣ аз ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ ба давраи 10-рӯзаи омӯзишӣ фаро гирифта шудаанд ва имкон доранд соҳиби сертификати дараҷаи 2-и Федератсияи байналмилалии тенниси рӯи миз шаванд.
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон соли 2019 чунин курси омӯзиширо баргузор намуда буд, ки аз 20 нафар иштирокчӣ, 12 нафар соҳиби сертификати дараҷаи 1-и Федератсияи байналмилалии тенниси рӯи миз шуданд. Акнун онҳо ҳам назариявӣ, ҳам амалӣ омӯзиш дида, дар сурати бомуваффақият супоридани имтиҳон соҳиби сертификати дараҷаи 2 мегарданд.