03.07.2021
: 781
2 июл дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ҷаласаи машваратии Ҳайати олимпии Тоҷикистон баргузор шуд.
Дар ҷаласа варзишгарон ва мураббиёни онҳо, ки дар Бозиҳои олимпӣ ширкат мекунанд, ҳузур доштанд, ба ғайр аз варзишгарони намуди ҷудо, ки дар ҷамъмади машқӣ-таълимӣ ҳастанд.
Котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Муҳаммадшо Абдуллозода таъкид намуд, ки Бозиҳои олимпии Токио дар робита ба пандемияи COVID-19 бо баъзе маҳдудиятҳо баргузор мешавад. Дастури қоидаҳо барои иштирокчиён дар “Playbook” нашр шудааст.
Иштирокчиён бояд 5 рӯз пеш аз мусобиқа вориди Деҳаи олимпӣ шаванд ва то ду рӯз баъд аз мусобиқа онро тарк кунанд. Баромадан аз Деҳаи олимпӣ қатъиян манъ аст. Онҳо ҳар рӯз аз ташхиси коронавирус мегузаранд ва доим бояд ниқоби тиббӣ пӯшанд.
Қайд гардид, ки аллакай ҳайатҳои олимпии баъзе кишварҳо вориди Ҷопон шудаанд ва чанд варзишгар бо сабаби риоя накардани қоидаҳои будубош дар Токио аз иштирок дар Бозиҳои олимпӣ маҳрум карда шуданд.
Аз иштирокчиёни Бозиҳои олимпӣ дархост карда шуд, ки эҳтиёт намоянд ва аз ҳузур дар тӯю маъракаҳои худдорӣ кунанд.
Дар идома аз ҷониби мутахассисони Кумита ба иштирокчиёни барномаҳои махсуси Ҳукумати Ҷопон муаррифӣ карда шуд. Аз ҷумла барномаи мобилии OCHA, ки ҳамаи иштирокчиёни Бозиҳои олимпӣ онро ба таври ҳатмӣ бояд дар смартфонҳояшон насб карда, 14 рӯз пеш аз сафар ба Ҷопон ҳар рӯз оид ба вазъи саломатиашон маълумот пешниҳод намоянд. Ин амал пас аз ворид шудан ба Ҷопон ҳангоми бозиҳо идома меёбад.
Иштирокчиён доир ба дигар масъалаҳои сафар савол дода, посухҳои мушаххас гирифтанд.