23.06.2021
: 802
Федератсияи байналмилалии ҷудо радабандии ниҳоии олимпиро нашр кард, ки тибқи он бори аввал дар таърихи ҷудои кишвар 4 паҳлавони тоҷик имкони иштирок дар Бозиҳои олимпии Токио-2020-ро пайдо намуданд.
Тибқи муқаррароти IJF, 18 ҷудочии беҳтарин дар ҳар вазн, бо дарназардошти аз ҳар кишвар як нафар, тариқи радабандии ҷаҳонии олимпӣ, ҳамчунин 100 ҷудочии дигар тариқи радабандии қоравӣ имкони дарёфти роҳхат ба Бозиҳои олимпиро доштанд.
Дар асоси радабандӣ варзишгарони тоҷик Сомон Маҳмадбеков дар вазни -73кг ҷои 16 (13), Темур Раҳимов дар вазни +100кг ҷои 17 (10), Комроншоҳ Устопириён дар вазни -90кг ҷои 22 (18)-ро сазовор шуданд ва роҳхати ҷаҳонӣ гирифтанд. Варзишгари дигарамон дар вазни -73кг Беҳрӯз Хоҷазода низ миёни беҳтаринҳо ҷой гирифт, вале мавқеи Сомон Маҳмадбеков беҳтар аст. Акмал Муродов бошад, дар вазни -81кг аз ҳисоби радабандии қоравӣ ба дарёфти роҳхати олимпӣ мушарраф шуд. Ӯ дар радабандии ҷаҳонии олимпӣ дар ҷои 53-ум аст, аммо миёни варзишгарони Осиё дар ҳамаи вазнҳо мавқеи чорумро ишғол мекунад.
Умуман, дар мусобиқаи ҷудо дар Бозиҳои олимпии Токио-2020 386 варзишгар аз тамоми ҷаҳон аз рӯи 14 категорияи вазнӣ (7 вазн миёни мардҳо, 7 вазн миёни бонувон) иштирок мекунанд. Ҳамчунин, рақобати даставии омехта баргузор мешавад, ки дар он ба ғайр аз кишвари мизбон 11 даста ширкат хоҳанд кард.
Мусобиқаи ҷудо дар Бозиҳои олимпӣ аз 24 то 31 июл, ҳар рӯз қувваозмоиҳои як вазн миёни мардон, як вазн миёни бонувон, доир мегардад. Рӯзи 31 июл рақобати даставӣ дар назар дошта шудааст.
Ҳамин тариқ, Ҳайати олимпии Тоҷикистон ба 7 нафар расид. Қаблан Баҳодур Усмонов, Шаббос Негматуллоев аз намуди бокс, Гулсумбӣ Шарифова дар варзиши сабук соҳиби роҳхати Бозиҳои олимпии Токио-2020 гардида буданд.